Муҳаммадбоқии бесавод
Вақте, ки як тоҷик тоҷики дигарро таҳқир мекунадудашном медиҳад вай ҳамон нафарро не балки забони худаш ва миллати худашро таҳқир мекунад. Пас аз шунидани муроҷиати Лутфулло Наврӯзов сардори маорифи ВМКБ ғурури одамгариам азобам дод.Муҳаммадбоқиров Муҳаммадбоқи чи гуна тавонист як инсони зиёиро зери лату куб гирад ва ҳар гуна дашномҳоро нисбати оилаи вай раво бинад. Агар ин ҳодиса бо як инсони зиёӣ рух дода бошад пас аҷаб нест, ки фардо мову Шуморо низ зери шиканҷаи худ қарор диҳад.Аслан ҷанҷолу хархаша бадгӯи нисбати ҳамдигар амали бад аст ва ниҳоят шармандагист. Вақте, ки мо дар замони сулҳу осоиштагӣ умр ба сар мебарем ва ҳама мардуми боору номусу бофарҳанг ҳастанд ҷамъияти мо бояд пеш равад на бояд аз паси Муҳаммадбоқиров Муҳаммадбоқи барин инсонҳо пуш равад. Ин аблаҳи нокас бояд дар назди қонун ҳам ҷазо бинад.Амалҳое, ки вай содир кардааст ваҳшиёнагист. Вай ҳаққу ҳуқуқ надорад, ки каси дигарро лату куб кунад ва дашном диҳад. Ҳалли масъалаҳои сиёсӣ дар дасти Муҳаммадбоқиров Муҳаммадбоқи нест вай як шахси бесаводу нобакор. Вай бо дашном додани омӯзгор бесаводии худро бори дигар исбот кард.
Бетамизиҳои инсон аз сухан пайдо шавад.
Пистаи бемағз агар лаб во кунад расфо шавад.
Омӯзгор дар ҳар давру замон омӯзгор буд ва мемонад. Омӯзгор шахси бофарҳанг ва илмдӯст буда тарбиятдиҳандаинасли наврас аст. Барои омӯзгор миллат ва маҳал муҳим нест вай инсонро соҳибилм мегардонаду ҷамъиятро тарбия мекунад.
Муҳаммадбоқиров Муҳаммадбоқии бетарбия бояд ҷазо гирад ва нисбати ин гуна амалҳои ношоямаш мо на бояд хомуш бошем. Ин гуна нафаронрони беору номусро бояд решакан намуд зеро онҳо тухми бадиро мекоранду ҷамъиятро бадном месозанд ва нисбати ин гуна нафарон мо бояд бетараф набошем ва мубориза барем.
Биоишаи Назар