Мо тарафдори сулҳу осоиштагӣ
Моро зарур аст, ки аз натиҷаҳои даҳшатангезу харобиовари муноқишаҳои давлатҳои ҳамсоя ба хулосаи ҷиддӣ омада, ба сулҳу субот ва осоиштагиву кишвари азизамон Тоҷикистонро чун гавҳараки чашм аз чангу ғубори беруна нигоҳ дорем, ки ин вазифаи аввалини ҳамаи шаҳрвандони бо нангу номуси кишвар аст.
Бояд дар назар дошт, ки ин вазифаи муҳим нафақат бар зиммаи мақомоту муассисаҳои таълимӣ, балки ба падару модарони онҳо низ вогузор карда шудааст. Зеро, фарзанд тарбияи нахустинро аз оилаи худ мегирад. Бинобар ин, масъулияти волидон нисбати таълиму тадриси фарзандон басо муҳим мебошад.
Дар охир гуфтаниям, ки мо бояд аз натиҷаҳои даҳшатангезу харобиовари муноқишаҳои давлатҳои ҳамсоя ба хулосаи ҷиддӣ омада зиндагии осудаи худро босуботона идома диҳем, зеро, ки ба сари тамоми инсоният як вабое омадаву ҳамаи мардум ба дастгирит ниёз дорад шароити солҳои охир нишон медиҳад, ки мо ба қадри ҳар як дами худ расему шукргузорӣ аз он намоем.
Зимнан, далелҳои таърихи дур аз наздик собит менамоянд, ки ҳудуди Ворух дар гузашта ҳеҷ гоҳ дар инзивои давлвти ҳамсоя қарор надоштааст ва онҳо дар замони Шӯравӣ, ки дар ҳайати давлати ягона қарор доштем, шояд аз камэътибории роҳбарони вақти Тоҷикистон бо ҳар роҳу восита, аз ҷумла чарогоҳи муваққатӣ, обёрӣ ва ғайра дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ворух маскун шуда, оқибат тавре мегӯянд, “Тифли домангири ман охир гиребонгир шудаст ва ҳоло пешниҳоди ивази Ворухро ба ҷои дигар мекунад”. Бо ҳамин роҳу усулҳо Қиғизистон аз соли 1936 инҷониб, ҳудуди худро аз ҳисоби заминҳои ноҳияҳои Сӯхи Ӯзбекистон, Исфара ва Бобоҷон Ғафуров Тоҷикистон беш аз 3 ҳазор километри мураббаъ васеъ намудааст ва имрӯз инро эътироф кардан намехоҳад.
Тааҷубовар аст, ки ин пешниҳоди ғайри иқболи қабулро на ягон шаҳрванди оддии давлати ҳамсоя балки раиси хадамоти амнияти миллӣ, чун мавқеи расмии Ҳукумати Қирғизистон иброз медорад ва донистаю огоҳона гуфтушунидҳои ояндаро оид ба ҳалли мушкилоти мавҷудаи сарҳадӣ боз ҳам печидаю душвор менамояд.
Роҳбарияти олии кишвари мо ҳамеша ҷонибдори бо гуфтушунид, бо роҳи осоишта ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳал намудани мушкилоти сарҳадӣ, ки “мероси” замони Шӯравӣ аст, мебошад. Боварӣ дорем, ки дар ҳалли ин масъала низ дер ё зуд ақли солим аз ҷониби давлати ҳамсоя ғолиб меояд.