Мо ҷонибдори сулҳ ҳастем
Мо љонибдори сулњ њастем!
Дар таърихи ҷаҳони ноороми имрӯза, воқеаҳои 14-20 сентябри соли ҷорӣ, ҳамчун, боз як лаҳзаҳои мудҳиши таърихи ҷамъият, ҳамчун инъикоси ваҳшонияти инсоният боз як бор сабт гашт. Муаммои сарҳадие, ки барои давлатҳои соҳибистиқлол аз собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мерос монда буд, сӣ сол гузаштааст, ки ҳалли худро наёфтааст. Муҷаро ва сабаби асосии амалиётҳои ҳарбӣ дар мобайни Тоҷикистон ва Қирғизистон исботи он мебошад. Ба ҷои ҳал намудани ин муаммо бо роҳи дипломатӣ, мана чанд сол мебошад, ки роҳбарияти Ҷумҳурии Қирғизистон роҳи таҷовуз, ҳилаю найранг, дуруғгӯи ва тӯҳматро асоси сиёсати худ гардонед. Хусусан, дар мобайни 15-17 соли охир дар ин давлат чандин роҳбарон бо туфайли бесару сомони дар ҷамъият иваз шуда бошад ҳам, баҳсҳо оиди сарҳад идома ёфт ва ҳеҷ гоҳ ин масъала ҳал нагардид. Дар оқибат аз ин муаммо фуқарои оддии тарафайн азият мекашад, рӯз аз рӯз шумораи одамони бегуноҳ, қурбониён зиёд мегардад. Хусусан, воқеъаҳои хунини рӯзҳои охир, инъикоси таназзули сиёсати Хукумати Ҷумҳурии Қирғизистон ва Президенти он Садир Ҷапаровро боз як бор тасдиқ менамояд. Роҳбари давлат ба ҷои он, ки ёфтани роҳи ҳалли муаммо бо популизм машғул шуда, минбарҳои баланди ташкилотҳои байналхалқиро ба мақсадҳои ғализи худ истифода мебарад. Баромади ӯ дар минбари Асамблеяи 77-уми ташкилоти СММ исботи он мебошад. Рӯзҳои 14-16 сентябри соли ҷорӣ, қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон хиёнаткорона сараҳади Ватани азизамонро вайрон намуда зада даромад. Дар ҷараёни оғози амалиётҳои ҷангӣ садҳо нафар одамони бегуноҳ қурбон шуданд, аз ҷиҳати моддӣ зарари ҷиддӣ дидаанд. Агар ба таърии наздикмуроҷаат намоем, бо туфайли заиф гаштани ҳокимияти марказӣ дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1989 ва дар давраи Истиқлолият дар соли 2010 Ҳукумати расмии Ҷумҳурии Қирғизистон ба аҳолии беяроғи вилоятҳои Ош, Љалолобод ва Узген бо яроғҳои оташфишон ҳуҷумро ташкил кардаанд, аҳолии аксарияти ин ҳудудҳое, ки аз ӯзбекон, иборат буданд қатлиом карданд. Он ваҳшонияте, ки дар ҳамон вақт дар таърих сабт гардед, дар таърихи инсоният нашудааст. Асоси имрӯза моҷароҳо бо аҳволи дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон вобаста буда, дар ҷамъияти имрӯзаи қирғизҳо бесару сомонӣ ҳукмфармо аст. Авҷ гирифтани маҳаллгарої, шовинистӣ дар ҷамъият бо туфайли заиф будани Ҳукумати марказии Қирғизистон зич алоқаманд мебошад. Садир Ҷапаров ва командаи ӯ ки асоси имрӯза ҷамъияти Қирғизистонро идора менамоянд, аз дисидентҳои сиёсӣ не, аз ҷиноятчиён иборат аст. Онҳо бо роҳи популизм – сиёсати бардуруғи худ мехоханд, ки ҳокимияти худро доранд, дар мобайни аҳолӣ обрӯ-этибор ишғол намоянд. Агар, масъалаи сарҳад, демаркация ва демилитаризатсияи он ҳал намешавад, ҳеҷ гоҳ моҷарои байнидавлатӣ ҳалли худро намеёбад. Дар назари мамлакатҳои абарқудрати Ғарб, дар ҳудуди Осиёи Марказӣ Чумҳурии Қирғизистон наздик бист соли охир ҳамчун давлати демократӣ маънидод карда шавад ҳам, дар асл ин давлат маркази бесарисомонӣ, нооромӣ, имрӯзҳо бошад маркази иғво ва бесарусомонӣ табдил ёфтааст. Чӣ тавре, ки вакили мардумии парламони Ҷумҳурии Қирғизистон Адахан Мадумаров таъкид месозад, бо туфайли сиёсати ноустивории Ҳукумати Қирғизистон бо ҳамаи ҳамсоягон (ғайр аз Тоҷикистон бо Ӯзбекистон, Қазоқистон) дар масъалаи сарҳад муаммо доранд ва сабаби ҳал наёфтани ин муаммоҳо бо номи сиёсати роҳбари Қумитаи бехатарии давлатии Қирғизистон Камчибек Ташиев алоқаманд мебошад. Вакили мардум Ҷумҳурии Қирғизистон Адахан Мадумаров огоҳ месозад, ки бо туфайли сиёсати аблаҳона ва ахмоқонаи К. Ташиев, дар оқибат Қирғизистон на фақат бо Тоҷикистон бо дигар давлатҳои ҳамсоя ҳолати ҷанг меорад.
Ҳаммаи моҷароҳо, ҷангу ҷодалҳо дар оқибат бо воситаи дипломатӣ ҳал мегардад, роҳбарони Ҷумҳурии Қирғизистон бо сарварии Садир Ҷапаров чӣ қадар зудтар инро дарк намуда ҷустуҷуи роҳи муросоро мекобад, ҳаминқадар тезтар муаммоҳои рӯз ҳал мегардад. Мардумони Тоҷикистон ва Қирғизистон дар осоиштагӣ, бо муросою мадоро зиндагӣро идома хоҳад кард!