Мо мардуми сулҳхоҳем

Ба шарофати ташкилёбии Ҷумхурии сохибистиқлоли Тоҷикистон барои барқарор кардан ва рушд додани равобит бо тоҷиконе, ки берун аз марзи ҷумхури зиндаги мекунанд, шароити хуб мухайё гардид. Дар натичаи равобити байниҳамиву хамзабонон дусти боз хам мустахкам гардида, ҳамгироии фарҳангӣ ва иктисодӣ густариш хоҳад ёфт.

Маълум аст, ки тоҷикон на танхо дар сарзамини имрӯзаи Ҷумхурии Тоҷикистон, аз замонҳои қадим дар Афгонистон, Эрон, Покистон, Чин, дар собик чумхурихои Иттиходи Шуравӣ, хусусан, дар Ӯзбекистон, Қиргизистон, Туркманистон ва гайра низ истикомат мекарданду муносибати хуби дӯстӣ ва хешу таборӣ доштанд.

Мутаассифона, дар натичаи таксимоти милли-худудии Осиёи Миёна баъзе нохия ва дехоти точикнишин дар худуди дигар чумхурихои иттифоки, ки холо сохибистиклол гардидаанд, монданд.

Сабаби сар задани низоъ байни мардуми тоҷику қирғиз низ дар ҳамин аст. Зеро сабаби муноқишаву даъво ва хунрезӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон барои бештар аз 400 километр марзи таъйинношуда аст. Ин муаммо солҳот, ки ҳарду ҷонибро ба ташвиш меоварад.

Ҳодисае, ки аз ҷониби шаҳрвандони қирғизтаборон сангборон намудани воситаҳои нақлиёти шаҳрвандони тоҷикистониёни муқимии деҳаи Сомониёни шаҳри Исфара рух додааст, шаҳодати фирефтаю гумроҳ шудани баъзе бефарҳангон ва пастфитратон ба иғвою дасисаҳои хоҷагони пинҳонӣ мебошад. Раванди тирпарронӣ дар сарҳадот ва захмбардории ҳарбиёни ҳарду ҷониб ҳодисаи нанговар асту аз ваъдахилофии ҷониби Қирғизистон ва набудани эҳтироми онҳо ба роҳбарияти тозаинтихоби худ далолат медиҳад.

Дар замоне, ки ҳамаи корҳоро бо роҳи якдигарфаҳми ва осоиштаги ҳал карда мешавад ҳоҷат ба ҷангу ҷидол нест. Ҳаллу фасли ин масъала дар дасти масъулини ҳарду ҷониб аст на дар дасти ягон фарди алоҳида. Сохторҳои дахлдор аз паи ҳаллу фасли ин масъала ҳастанд. Пас онҳоро мебояд, ки оромиро нигоҳ дошта худсарона ба низоъ даст назананд.

Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.

Биоишаи Назар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ