Мо мардуми ҷангдида, вале сулҳҷӯем...
Шоми гузашта дар марзи сарҳадии ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва сарҳади Қирғизистон (маҳаллаи Селкани ноҳияи Лейлак) тирпаронӣ рух дод.
Сарбози тоҷик ба гуфтушунид даъват мекунад, аммо сарбози қирғиз тир мекушояд... Ҷавонмардии қирғиз дар куҷост? Дар аксар маврид ҷониби Қирғизистон чун пештара сарбозони тоҷикро дар оғози муноқиша айбдор мекунанд. Ҳатто ҳукми одатро ҳам ба худ касб намудаанд.
Вазъият зуд ором шуд. Шояд чанд лаҳзаи кӯтоҳ. Ҳатто сарбозони ҳарду тараф дар ҳифзи марзу буми худ оғоз карданд. Аммо мардуми деҳоти ҳарду кишварро ба ташвиш оварда, дар дили онҳо ҳисси тарсу бадбиниро ҷой доданд. Ба ин кӣ ва ё чӣ гунаҳкор аст? Садои тир ва ё сарбози Қирғизистон? Магар ба сӯҳбати холӣ омадани сарбози қирғиз мушкил аст? Вале дар Моҳи Рамазон боз нооромиву низоъ хостанд дар ҳоле, ки манъ аст. Ин аз ҷониби қирғизҳо бори аввал нест. Соли гузашта низ ин амали худро анҷом дода буданд. Барои давлату миллати қирғиз меъёрҳои “одамият”, “ҳамсоядорӣ”, “эҳтиром” ва ҳатто барои риояи он сарҳад вуҷуд надорад. Гӯё ҳар чи ки хоҳанд мекунанд. Аммо давлат бесоҳиб нест...
Амалҳои ваҳшиёнаи онҳо ва ё тиркушоии чандинкарата ба сӯи мардуми бегуноҳи тоҷик рӯзе ба тӯп табдил хоҳад ёфт. Вале, тоҷику тоҷикистонӣ ба ин фикр ва амал нахоҳанд рафт... Зеро давлату миллати тоҷик ба ҳамешагӣ хотири ҳамсоядорӣ намуда, ҳадафи мустаҳкамии дӯстиву рафоқат ва ҳалли ҳамагуна масъала бо роҳи сулҳу осоиштаро дошту дорад.
Аз ҷониби дигар, тарафи қирғизҳо аз таҳаммулгароии мо истифода мебаранд. Мардуми ҷангҷӯву чашмтанг дар хотир бояд доранд, ки мо тоҷику тоҷикистонӣ на нотавонему на лоғарем. Мо мардуми ҷангдидаем вале сулҳҷӯем. Дар ҳама ҳолат ҳифзи ҳар як пораи Ватан вазифаи ҷонии мост!
Гулафзо Ҷӯраева – омӯзгори ДДХ