Мо дар роҳи бебозгашти ободониву созандагием...

Хуб медонем, ки дар зарфи 30 соли соҳибистиқлолӣ кишвар ба рушди назарраси иқтисодиву иҷтимоӣ расид. Дар ин фосилаи таърих сатҳи маънавиёт, фаҳмишу назари мардум низ хеле тағйир кардааст. Албатта, шабакаҳои телевизионӣ, радио, маҷаллаву нашрияҳо матлабҳои хуби тамошобобу шуниданиву хонданӣ доранд, вале аз рӯи таҳлилҳо ва хулосаву назари коршиносону ҷомеашиносон мутассифона, бо вуҷуди фароҳам шудани имкониятҳои хуби техникӣ баъзе аз шаҳрвандони мо аз барномаҳои кӯчагӣ ва сатҳу сифати бархе матолиби гӯё журналистӣ, ки ҷавобгӯи талаботи замон намебошанд, ва дар онҳо дидгоҳи тоза ва ғояи нав дида намешаванд, вақти худро бесамар истифода мебаранд.

Аксари ин барномаҳои онлайниву мустақимро барои гумроҳ сохтани муҳоҷирони меҳнатӣ, вобастагӣ пайдо намудани онҳо ба интернет ва марҳала ба марҳала вайрон сохтани мафкураи ҷавонони мо маънидод намуд, ки дар саргаҳи он аъзои ТЭТ ҲНИ истодаанд, ки бо ҳар роҳу усул мехоҳанд андешаи нопоки худро бар дӯши мардуми бегуноҳ бор намоянд. Ҳаёти сокинони моро бо вуруд шудан ба ин шабакаҳои иҷтимоӣ доғдор месозанд, онҳоро аз зану фарзанд ва хешу ақрабо ҷудо месозанд. Магар дар кадом оила, ҷомеа ва давлату миллат ва ё инсон ба мушкилот рӯ ба рӯ намешавад? Кадом шахсро мо бе иштибоҳ дида метавонем? Мо дохили як киштием, ки якҷоя метавонем бо диду назари нек ва амалҳои шоиста Ватани азизамонро ободу зебо гардонем ва ба ояндагон мерос гузорем.

Пас ҳар нафаре, ки аз хориҷ ва ё аз дохил ҷустуҷӯи муаммо ва гумроҳӣ ҳадафи ӯст, наметавонад ҷавонони босаводи замони асрро аз қафои худ барад, баръакс онҳо ба чоҳи худ хоҳанд афтид.

Зеро мардуми тоҷик дар роҳи бебозгашти ободониву созандагӣ ва ҳаёти бидуни низоъ мебошанд. Сулҳ, ваҳдат, оромӣ, маърифати комил ва дигар амалу ҳадафҳои пок моро метавонад аз ҳама гуна падидаҳои манфии ҷомеа ва ақидаҳои ифротиён эмин нигоҳ дорад.

Бобоҷони Хайриддин – ҷомеашинос, устоди ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ