Мо бар зидди терроризму ифродгарӣ

Дастоварди бузургтарини мо дар тӯли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз бо шарофати хиради азими мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяссар гардид.
Имрӯз шукргузор аз онем, ки дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ ва кору фаъолият мебарем.
Сулҳ барои мо тоҷикон бо нархи ҷонбозию сарсупориҳо муяссар гаштааст. Маҳз бо кӯшишу ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдат - Пешвои миллат, Президенти мардумӣ Э. Раҳмон абрҳои сиёҳ фазои сиёсии Тоҷикистонро тарк карданд. Дар натиҷа сулҳу ваҳдати миллӣ, якдигарфаҳмӣ ба вуҷуд омад ва миллати тоҷик аз маҳвшавӣ маҳвшавӣ эмин монд.
Санаи 27 – уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва Президенти кишвар Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат бо роҳбари мухолифини тоҷик Саид Абдуллои Нурӣ Созишномаи умумии Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро ба имзо расонид ва сулҳро дар Тоҷикистон пойдор намуд.
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” боз ҳам мустаҳкам намуд. Ҳамин буд, ки баъди ба сулҳи умумимиллӣ расидан болоравии бемайлони сатҳи иқтисодию иҷтимоии давлату зиндагии мардуми кишвар зери Парчами Истиқлолият ва ғояҳои Ваҳдати миллӣ дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии ватани соҳибистиқлоли хешро беш аз пеш афзун мегардонанд.
Итминон дорем, ҳамин ваҳдат буд, ки садпорагиҳои ҷомеаи моро бо ҳам ошно сохт.
Ҳамин ваҳдат аст, ки нусратҳои тоза ба тозаро барои фард фарди мардуми кишвар ҳидоят мекунад.
Мо ба қадри ваҳдат мерасем, ки онро ҳамеша арҷгузориву ситоиш мекунем, зеро маҳз бо шарофати ваҳдат мо ба марҳилаи бунёдкорӣ ворид гаштему ба зиндагии бомарому тинҷу осоишта оғоз намудем.
Имрӯз Тоҷикистон бо Роҳбарии Пешвои хирадманди покдину покдил дар дараҷаи баланди тараққиёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣрасидааст, аммо ҷомеаи орому осудаи моро рафтору кирдори баъзе афродон халалдор менамояд.
Терроризм дар солҳои охир ба яке аз мушкилоти сиёсиву амниятии ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Сиёсатшиносон ва аҳли фарҳанги сиёсӣ бар онанд, ки зуҳуроти чун вабои асри XX эътирофшуда ба ҳастиву саломатӣ бани башар таъсири манфӣ мерасонад ва ҷой доштанаш дар миқёси ин ё он минтақа ва ё кишвар гувоҳ аз оқибатҳои фалокатбори он медиҳад.
Терроризму ифродгароӣ як навъ падидаи дорои ҷанбаҳои иҷтимоию иҷтисодӣ, этникию идеологӣ ва хусусиву равонӣ буда, аз зуҳуроти сар задани он ҳеҷ як давлату халқу миллате дар амон нест.
Ҳамасола дар ҷаҳон садҳо амалӣ террористӣ содир мешаванд ва аз ин ҳисоб дар байни ҷомеа дар баробари ҳазорон куштаву қурбониву маъюби осори тарсу бим ва хавотирӣ аз амнияти наздикону пайвандон, кӯдакону наврасон ва солмандонбоқӣ мемонад.
Чунонки дар гузоришу паёмҳои ҳамасола Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид мешавад, ки кишвару давлати мо терроризмро дар ҳама шаклу падидаҳояш қатъиян маҳкум менамояд.
Бадхоҳони миллати тоҷик мардумро мехоҳанд бовар кунонанд, ки суханонашон аз рӯи адабу адолат аст, аммо дар асл бо роҳи фиреб ҳар гуна камбудиҳои ночизи ҷамъиятро чанд баробар зиёд карда, мехоҳанд, ки ҳукумати ҳозираро, ки поягузори сулҳу ваҳдат аст ва оромии мардумро таъмин мекунад, ба чашми мардум гунаҳкор нишон медиҳад.
Лекин ба ин бозиҳои авалфиребонаи худ халқи ваҳдатофари тоҷикро, дигар фиреб дода наметавонанд. Ба душманони миллати тоҷик гуфтанием, ки халқи тоҷик пуштибон аз Пешвои миллат аст. Бояд гуфт, ки дини мубини ислом сулҳу суботу оромиро ташвиқ намуда, рӯй овардан ба ифроту тундравиро манъ мекунад.
Набояд фаромӯш кард, ки мубориза бо терроризм – зуҳуроти барои инсоният хатарноку бегона, бинобар мураккабиаш, вазифаи дарозмуддат ва ҳамарӯзаи бани башар аст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои осоиштагӣ ва оромии мардуми пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, вале гурӯҳҳои соҳиби ақидаҳои ифротӣ низ барои фиребидан ва аз паси худ бурдани гурӯҳе аз ҷавонони раҳгумзадаи кишварамон муваффақ шуда истодаанд.
Муборизаи мо ба муқобили экстримизму терроризми байналмиллалӣ дар асл мубориза барои ҳифзи давлат, истиқлолият, фарҳангу забон, арзишҳои миллӣ ва зиндагии озоду осудаи халқамон мебошад. Бинобар ин, ҳар нафар, хосса насли ҷавон ки таҳарруку эҳсоси зудтарканда хоси онҳост, дар бартарафу пешгирӣ намудани чунин падидаи фалокатбору ваҳшатзо саҳми бояд гузорад ва пеш аз анҷоми ҳар амал аз оқибату натиҷаҳои он андешад. Аз пайвастар ба ҳар гуна ҳаракату гурӯҳҳои ифротгаро, ки барои заҳролуд намудани фикру андешаи мардуми замина мегузоранд, худдорӣ намоянд ва аз ҷодаи зиракии сиёсиву ҳисси баланди миллию масъулияти ватандорӣ қадам гузоранд гузоранд.
Мо, омӯзгорон, бояд дар сафи пеши мубориза бар зидди терроризм ва ифодагароӣ бошем. Ба шогирдони худ ба таври саҳеҳу дақиқ, бо дамлу рақамҳо фаҳмонем, ки экстримизму ифротгароӣ чӣ гуна равияҳоянд, ки ҳадафу матлаб доранд, ба чӣ муваффақ шудан мехоҳанд, аз куҷо сар кашидаанд, роҳбарону ҳомиёнашон киҳоянд, чаро амалиёти онҳо бар ҳастии инсоният хатарнок аст.
Мо омӯзгорон, устодон аз муҳаббату самимияти беандозаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон пайваста баҳравар буда, пайрави ҳамешагии ин шахсияти беназир дар роҳи созандагиву бунёдкории Ватани биҳиштосоямон Тоҷикистони муосир то абад боқӣ мемонем.
Муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷик: Дадоҷонова М.