Мо бар зидди эктсремизму терроризм

Тухми қотилон, ки номи террористу экстремист доранд рӯз аз рӯз аз маҳалла то маҳаллае дар сарзамини Ироқу Шом пок шудаву яқин аст, ки дар ҳолати нестшавист. Аз онҳо танҳо асаре монда истодааст, ки каллаҳо дар зери хоку саллаҳо дар рӯйи хок паҳну парешон, ҳатто ин саллаҳо кафан ҳам намешаванд. Муассисони ин театри иғвоангез рӯзе дар пеши ҳам халқ ва ҳам Худо ҳарф ба ҳарф ҷавоб хоҳанд гуфт. Пас шаҳрвандони моро низ зарур аст, ки аз ин фоҷиаҳо огоҳ бошанд, дар тарбияи фарзандони худ бемасъулиятӣ зоҳир накунанд, ҳар гуна амалҳои номатлубро дар байни онҳо пешгирӣ карда, нагузоранд, ки фарзандонашон ҳадафи фиреби ифротгароён қарор бигиранд ва фарзандони худро дар руҳяи ватандӯстиву инсонгарӣ ва худогоҳиву хештаншиносу тарбия намоянд. Ватани худро азиз донанд ва хизмати модар падари худро ба ҷо биёранд. Зеро ҳеҷ як хоҷа ё «оғоҷун» намехоҳад хушбини ҷомеаи орому осоиштаи мо бошад. Ба миллати ҳамеша сулҳхоҳу сулҳпарвару сулҳофарини мо кирдорҳои ба сари кас ханҷар кашидану моли мардум хӯрдан зебанда набуду нест. Миллати моро зебанда чунин аст, ки дар партави сиёсати хирадмандона ва сулҳофарини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якдилу якмаром буда, баҳри шукуфоии ҳар зарра хоки азизи кишварамон –Тоҷикистон саъю талош варзем. Бо боварии комил метавон гуфт, ки халқи шарафманди тоҷик имрӯз хуб дарк кардааст, ки терроризму экстремизм падидаҳоиноматлуб барои ҷомеа буда, мубориза бурдан бо онҳо вазифаи муқаддаси шаҳрвандии онҳост. Пас месазад дар ин замина иброз дошт, ки халқи тоҷик ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни терроризму экстремизм ба ормонҳои гузашта ва ҳадафҳои олии мамлакати хеш мерасанд!И

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ