Мизи мудаввар: "Ватандорӣ, суботи сиёсӣ ва рушди ҷомеи маданӣ"
Дар факултети забонҳои шарқ таҳти унвони “Ватандорӣ, суботи сиёсӣ ва рушди ҷомеи маданӣ” мизи мудаввар баргузор гардид.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии мудири кафедраи забони форсӣ ва хитойӣ, дотсент Тӯраева Гулорохон оғоз ёфт. Ӯ дар бораи аҳамияти ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва нақши ҷавонон дар таҳкими суботи сиёсӣ ва рушди ҷомеаи маданӣ суханронӣ намуд.
Корманди қӯшунҳои сарҳадии №3501, подполковник Нуров Маҳбуб дар мавзуи ватандорӣ маърӯзаи пурмуҳтаво ироа намуд. Номбурда инчунин дар бораи шароитҳои хизмат дар қӯшунҳои сарҳадӣ ва нақши он дар ҳифзи суботи миллӣ ибрози назар намуд.
Мизи мудаввар бо суолу ҷавоб миёни донишҷӯён ва меҳмони чорабинӣ анҷом пазируфт.
Маркази иттилоот ва таҳлил