МИЗИ МУДАВВАР: ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ НУКТАҲОИ АСОСИИ ПАЁМ
Шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ дар байни ҷавонон, ташаккули ҷаҳонбинии сиёсӣ ва касбӣ, инчунин тарбияи ҷавонони масъулиятшинос ва ватандӯст аз ҳадафи асосии чорабинӣ арзёбӣ гардид.
Дар идома устодони факултет Лутфулло Неъматов, Абдулло Масолиев, Бимукаррам Дадобоева, Дилфӯза Юсупова ба сухан баромада, доир ба масъалаҳои омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ, забонҳои хориҷӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, имконоти шароитҳои таҳсил дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, соҳибкасбу соҳибмаълумот гардидани донишҷӯён ва рақобатпазирӣ дар бозори меҳнат ибрози назар намуданд.
Баргузории чунин чорабиниҳо ба донишҷӯён имконият фароҳам меорад, ки бо самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ва ҳадафҳои стратегӣ шинос гардида, ҳисси ватандӯстӣ, муҳаббати содиқона ба Ватан ва масъулиятшиносии худро тақвият бахшанд ва дар рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар саҳмгузор бошанд.
Маркази иттилоот ва таҳлил