​Мизи мудаввар: “Омӯзгорӣ пешаи пурифтихор аст”

Дар доираи ҳафтаи илм дар факултети таърих ва ҳуқуқ ба муносибати “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” бо ибтикори кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ мизи мудаввар дар мавзуи “Омӯзгорӣ пешаи пурифтихор аст” мизи мудаввар баргузор гардид.

Ташаббуси мазкур бо иштироки васеи таҷрибаомӯзон – донишҷӯёни соли сеюми ихтисосҳои таърих, таърихи дин ва таърих ва ҳуқуқ ба роҳ монда шуд.

Мудири кафедра, дотсент Ҳошимова зимни суханронӣ таъкид намуд, ки Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаллим – омӯзгорро калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлоли фикрӣ унвон намуда, бедории андеша, покизагии ахлоқу одоб ва ривоҷу ташаккули ақлонии шахс маҳсули фаъолияти дурусти муаллим номидаанд.

Дар рафти мизи мудаввар аз тарафи донишҷӯён – таҷрибаомӯзон дар мавзуъҳои “Таҷрибаомӯзӣ қадамҳои нахустин дар пешаи омӯзгорӣ”, “Роҳҳои шавқовар кардани хонандагон дар дарси таърих” ва “Роҳҳои муошират дар ҷараёни дарс ва ба инобат гирифтани синну соли хонандагон” маърӯзаҳо шунида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ