Мизи мудаввар: “Истифодаи усулҳои инноватсионии таълими забонҳои хориҷӣ. Рушди малакаҳои хониш”

Дар факултети забонҳои шарқ тањти унвони “Истифодаи усулҳои инноватсионии таълими забонҳои хориҷӣ (форсӣ, хитойӣ ва фаронсавӣ). Рушди малакаҳои хониш” мизи мудаввар баргузор гардид. Ин ташаббус аз ҷониби кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ роҳандозӣ шуд.
Декани факултет дотсент Эҳсонзода Малоҳат мизи мудавварро ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо барномаи ҳафтаи илм дар факултет шинос намуд.
Мувофиқи регламенти муқарраргардида омӯзгорон давоми 5 дақиқа аз таҷрибаи худ дар самти рушд додани малакаҳои хониш маърӯза намуданд.
Пас аз шунидани фикру мулоҳизаҳои устодон оид ба мавзуи мавриди назар суолу ҷавоб сурат гирифт.
Мудири кафедра дотсент Тӯраева Гулорохон мизи мудавварро ҷамъбаст намуда, аз омӯзгорон даъват ба амал овард, ки маърӯзаҳои худро дар шакли мақола омода намуда, ба маҷаллаҳои илмӣ ба чоп пешниҳод кунанд.
Маркази иттилоот ва таҳлил