​МИЗИ МУДАВВАР: “ФИРДАВСӢ ВА РИСОЛАТИ МИЛЛӢ-ФАРҲАНГИИ Ӯ”

Дар факултети санъати тасвирӣ ва дизайни Донишгоҳ маҳфили навбатии «Шоҳномахонӣ» таҳти унвони «Фирдавсӣ ва рисолати миллӣ-фарҳангии ӯ. Забон ва сабки бадеии “Шоҳнома” баргузор гардид.

Ҳадафи асосии баргузории мизи мудаввар ҷалби донишҷӯён ба мутолиаи осори гаронбаҳои адабӣ, арҷгузорӣ ба фарҳангу адабиёти миллӣ ва омӯзиши амиқи паҳлуҳои гуногуни «Шоҳнома» ҳамчун сарчашмаи муҳимми худшиносии миллӣ арзёбӣ гардид.

Номзади илмҳои филологӣ, дотсент Абдуллозода Ромиз таъкид намуд, ки Фирдавсӣ тавассути эҷоди «Шоҳнома» тавонистааст таърихи куҳан, суннатҳои миллӣ ва арзишҳои ахлоқии мардумро ҳифз ва ба наслҳои оянда интиқол диҳад. Ҳамзамон, забони равон, шево ва сабки баланди бадеии асар ҳамчун намунаи олии суханварӣ дониста шуд.

Дар идома устодону донишҷӯён ба меҳмони маҳфил саволҳои гуногун пешниҳод намуда, масъалаҳои марбут ба рисолати миллӣ-фарҳангии шоир, нақши ӯ дар ҳифзи забони форсӣ-тоҷикӣ ва таъсири «Шоҳнома» ба фарҳанги ҷаҳониро мавриди баррасии амиқ қарор доданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки омӯзиш ва тарғиби мероси гаронбаҳои Абулқосими Фирдавсӣ барои таҳкими худшиносии миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати фарҳангӣ ва тарбияи маънавии насли наврасу ҷавонон аҳаммияти хос дорад.

Маркази иттилоот ва студияи «Фурӯғ»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ