“Минбарсоз”-и аблаҳ!
(қисми 1)
Ба нафарони ношукру нонзада, ки дар дохили кишвари маҳбубамон иқоматдошта барои тоифаи палидони наҳзатӣ маълумотҳои бардурӯғу иғвогарона мерасонанд, муроҷиат менамоям: Эй разилони бузтинат! Андешаи ҳаёти орому осудаи кишварро надоред! Худатон нокасу ландаҳуру, танбалу ишкамғафс ҳастеду ҳар майда-чуйдаи рӯзғор ба наҳзатиёни разил чун чормағзи пуч мефурӯшед. Носипоси намакзада ҳастед, ки мушкилоти мавҷударо кӯшиши ҳаллу фасл накарда чун занаки нозпарвар ба ҳомиёни наҳзатии ифротзадаатон шикоят мебаред?! Эй палидони хабаркаше! Агар имон дореду аз Офаридгор андеша доред, аз амалҳои қабеҳ даст кашед. Худро чун аблаҳи беақл ба оташи ҷаҳаннам ҳаво надиҳед. Вагарна, шармсори тамоми оламиён хоҳед гашт. Тамоми авлоду аҷдодашон аз шумоён рӯй мегардонанд. Зеро, ба касофатзадагон никоҳ кардану ҳампаҳлӯ будан, худ бадбахтист.
Эй палидони наҳзатӣ! Шумоён то ба кай дар байни мардуми заҳматпеша тафриқаандозиро бас мекунед? Нафари бо амри тақдир муҳоҷиршуда аз амалҳои муғризонаатон чӣ манфиат мебардорад? Кӯмак-ку наметавонад, ақаллан халал нарасонед! Монед, онҳоро аз меҳнати ҳалолона бознадоред!
Агар, наҳзатиёни разиландеш заррае виҷдону инсоф медоштеду Парвардигори покро бо қалб мешинохтед, ҳаргиз дини мубини Исломро, унвони муҳоҷири меҳнатиро ба худ ниқоб намекардед!? Итминони комил дорам, ки наҳзатиёни аблаҳ мутеи маблағи хоҷагони аҷнабӣ танҳо монанди лӯхтак тӯтивор фармоиши он дасисабозонро иҷро мекунеду худ ба қадри донаи пуч ақлу тамиз надоред.! Худатон, ки ватану мазҳаб, имону виҷдон бо нафси баду маблағ бадал кардаед, дарду ғами мардуми оддӣ чӣ мефаҳмед?
Полидони касифро одатест, ки суханчиниву сухангӯи носазо, хабаркашии бедаворо меписанданд. Ин ҳама палидӣ аз нотавонбиниву каҷдилиет, ки одамиро намезебад. тинати разилонаатон чашматон нобинову ҳиссиётатон барбод додааст, ки на шарму ҳаё донеду на андешаи охират. гарчанде мазҳабфурӯши Кабириву Иқболбии ҳамҷинсгароро ба худ дохӣ хондаед, андеша намоед эй худобехабарон, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол авлоду аҷдодатон зиндагӣ доранд. Ё худ, аллакай ҳама тарки Ватан кардаанд?!
Мардуми заҳматпешаи кишвар бо шукронаи ҳамаи дастовардҳову норасогиҳои мавҷуда Ватани азизи худро дӯст медоранду таҳти сиёсати хирадматдонаи роҳбарияти олии худ баҳри шукуфони минбаъда кӯшишу ғайрат менамоянд. Умеди қавӣ ба фардои некро дар қалби поки хеш мепарваранд ва дар ин ҷода муваффақу комёб ҳастанд ва хоҳанд буд. Ягон афроди нопоки дур аз Ватани аҷдодӣ натавонад, ки ҷомеаи моро аз роҳи созандагиву бунёдкорӣ баргардонад. Баръакс, ҷомеаи сарҷамъу якдили Ватан қотеъёна изҳор медоранд, ки:
Нест бод наҳзатиёни палид!
Илоҳо ҷангу кариатон абадӣ бод!
Собиров М.С. – дотсент, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”