Мавқеи шарҳу тафсир дар таълими босалоҳияти фанни адабиёт

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики факултети филологияи тоҷи конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Мавқеи шарҳу тафсир дар таълими босалоҳияти фанни адабиёт” баргузор гардид. Ин чорабинӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар (30-уми майи соли 2024) зикр гардида буд, баргузор шуд.
Дар доираи конференсия рӯнамоии дастури методии дотсенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик Аҳмадов Мирзоҳабиб таҳти унвони “Таҳлили ҳафт ғазал аз девони Камоли Хуҷандӣ” доир гардид. Дар чорабинӣ дотсент Пӯлодова ва сармуаллим Раҳимова аз муҳтаво, сохтор ва аҳамияти дастур маълумоти муфид пешниҳод намуда, онро як ибтикори саривақтӣ ва арзишманд дар таълими асарҳои бадеӣ номиданд.
Таъкид шуд, ки дастури мазкур на танҳо барои омӯзгорони фанни адабиёт, балки барои донишҷӯён ва устодони мактабҳои олӣ ва миёна ҳамчун роҳнамои муҳиму амалӣ хидмат карда метавонад.
Маркази иттилоот ва таҳлил