​Масъулу ғамхори солимии ҷомеа!

Ҳар фарде дар талоши зиндагӣ мувофиқи қобилияту ҳунар, завқу шавқи худ машғулиятеро ба иҷро мерасонаду дар ҷомеа соҳиби мақому манзалате мегардад. Алалхусус, давраҳои барои ҷомеа пуртаҳлука аз фарди солимақл кирдору рафтори масъулонаро тақозо менамояд, ки ба сатҳи фарҳангу савод, поквиҷдониву дилсӯзии ӯ алоқаманд аст. Пайдоишва паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар миқёси олам аз намуди имтиҳонҳои Парвардигори пок мебошад, ки вобаста ба кирдору рафтораш ҷомеаҷомеа воқеан баҳогузорӣ менамояд. Мубталошавии зиёда аз 264 миллион нафар фардони заминӣ ба ин бемории даҳшатовар ва маргёбии зиёда аз 5,2 миллион нафар гувоҳӣ медиҳад, ки дар пешгирии он саҳлангорӣ аз ҷониби ҷомеа нашояд. Олимони соҳаи вогиршиносӣ алҳол зиёда аз 14 намуди ваксина (воя) –ҳои зидди ин бемории сироятиро ихтироъ карданду истеҳсоли васеион ба роҳ монда шудааст ва барои инсонҳо дастрас мебошад.

Дар қатори мамлакатҳои дигари олам бо талошҳои пайвастаи роҳбарияти олии кишвар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ вояҳои зиддивирусӣ ворид гаштаву аксарияти аҳолии аз синни 18 сола боло ваксина гирифтаанд. Зеро, онҳо дарк кардаанд, ки бо воситаи гирифтани ваксина саломатии худ, аҳли оила, пайвандон ва дар умум ҷомеаро аз мубталоёбӣ ба бемории сироятии коронавирус ва штаммҳои нав ба нави он эмин медоранд. Масъулияти баланд ва ғамхориву поквиҷдонӣ онҳоро ба ин амал водор намудааст. Вале, дар ҷомеа камшумор нестанд, нафароне, ки бо ҳар баҳонаю сабабҳои бардурӯғ ва фирефташавӣ ба ҳарзаҳои “табибони пучдил” аз ваксинагирӣ худдорӣ менамоянду ҳатто ташвиқотҳои зиддиваксинагириро авҷ медиҳанд. Чунин афроди ноқилсулақл, ки масъулияту ӯҳдадории шаҳрвандонро сарфи назар кардаанд, барои дигарон хавфу хатаре эҷод намуда истодаанд, ки амсоли ҳаракатҳои душманона маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, чӣ тавр онҳоро метавон инсон номид, ки ба саломатии ҷомеа хатар оварда истодаанд?

Қишри фаъолу масъули ҷомеаро мебояд бар зидди чунин афроди камхирад муборизаи беамонро роҳандозӣ намоянд. Зеро, солимии ҷомеа бартар аз ҳарзаю кирдорҳои ҳангомаҷӯёни пастфитрат!

Дар заминаи андешаҳои баёнёфта аз ҳамаи шаҳрвандони бо нангу номуси кишвар даъват менамоям, ки масъулу ғамхори солимии ҷомеа бошанд, худ ҳарчӣ тезтараз воягирӣ бархурдор гарданд ва муқобилони ваксинагузарониро муқовимати шадид нишон диҳанд. Зеро, ҳидоят ба иҷрои қарзи шаҳрвандӣ низ вазифаи шаҳрванди асл мебошад.

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ