Масъулиятшиносӣ бояд!
Ҷомеаи башарӣ тӯли мавҷудияти таърихӣ чандин ҳодисаю равандҳои ҳалокатборро паси сар кардааст, ки баъзе аз онҳо ба мисли обхезию яхбандии умумӣ ва дигар қариб ба нобудшавии инсоният оварда расонидааст. Бар замми он, дар давраи таърихӣ бо назардошти дараҷаҳои на он қадар зарурии илми тиб, шароити зисти на он қадар мувофиқи санитарию гигиенӣ ва амсоли онҳо ҷомеаи инсонӣ, хусусан дар маҳалҳои калони аҳолинишин дучори бемориҳои мухталифи сироятӣ аз қабили вабо, табларза, гулӯзиндонак ва ғайра гардида аксарияти мардум ҳалоку қир мешуданд. Оғози асри ХХ1 аҳолии сайёраи Замин бошад, дучори пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои нави сироятӣ, ба монанди зуком ва дигар шуданд, ки қаттолтарини онҳо бо унвони COVID – 19 ё худ бемории сироятии коронавирус – пневмонияи атипикӣ аз соли 2019 инҷониб дар сайёра паҳн шудаасту маҷрои ҳаёти ҳамаро куллан тағйир додааст. Ин бемории сироятӣ на сарҳад медонаду на мансабу дороии инсонро меписандад ва тамоми қишрҳои ҷомеаро фаро гирифтааст. Алҳол, теъдоди сироятёфтагон ба бемории COVID – 19 дар ҷаҳон аз 250 миллион нафар бештар шудаасту ин беморӣ ҷони зиёда аз 5 миллион нафарро рабудааст. Ҳатто давлатҳои иқтисодиёташон пуриқтидор низ оқибати ногувори мубориза бар зидди ин бемориро ҳис кардаанд.
Мебояд қайд кард, ки дар ҷодаи мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ, аз он ҷумла коронавирус тадбирҳои таъсиррас аз ҷониби олимону табибони соҳаи вогиршиносӣ ба мисли безараргардонии муҳити зисти аҳолӣ, истифодаи ниқоби муҳофизатӣ, риояи гигиенаи шахсӣ бо истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ ва ғайра тавсия гардидаанд. Хушбахтона, самараи инқилоби илмӣ – техникӣ мебошад, ки олимон вояҳои зиддивирусӣ – ваксинаҳои босамарро ихтироъ кардаанд, ки тадбири муҳими нобудсозии барангезандагони бемориҳои сироятӣ, аз он ҷумла COVID – 19 мебошанд. Имрӯзҳо ҳамаи шароитҳои пешгирӣ аз сироятёбӣ ба ин бемории вазнинбор фароҳам асту давлатдорони ғамхор намудҳои гуногуни ваксинаро харидорӣ намуда эмгузаронии аҳолиро бо таври ройгон ташкил кардаанд. Вале, то ҳол дар кишвари мо қисми муайяни аҳолӣ ба ҳамаи таблиғоти душманонаи шахсони ба ном “мутахассис” гӯш андохта аз эмгузаронӣ худдорӣ ва ҳатто дигаронро низ аз ин амал бозмедоранд. Ҳол он, ки дар ҷаҳон теъдоди гирифтагони ваксина зиёда аз 5 миллиард нафарро ташкил мекунанду аз шумораи умумӣ танҳо 3,7 фоизи онҳо мубталои беморӣ шудаанду ҳамагон бемориро сабук, бидуни осебёбии шадид паси сар намудаанд. Гарчанде, ки аз ҷумлаи гирифтагони ваксина тақрибан 0,5 фоиз одамон баъд аз мубталоёбӣ ба бемории коронавирус фавтидаанд, сабаби асосӣ дар мавҷудияти бемориҳои қаблии саратон, диабети қанд, сил ва амсоли онҳо мебошад.
Имрӯзҳо барои нафарони солимақли инсондӯстиву ватанпарвари худшинос давраи пурмасъул фаро расидааст. Зарур аст, ки ҳамагон дарк намоянд, ки эмгузаронӣ аз бемории COVID – 19 омили муҳими ҳифзи ҷони худу наздикон асту инсони комилро нашояд саломатииаҳли оилаву волидайни худ, ёру дӯстонро зери хатар гузорад. Аз ҳамаи мардуми шарифи кишвар боисрор хоҳиш менамоям, ки реҷаи ниқобпӯширо риоя намоянду ҳарчӣ тезтар ваксинаи дилхоҳашонро интихоб намуда эмгузаронӣ кунанд. Дар акси ҳол, ҳам ба худу атрофиён, ҳатто ба давлат зарари иқтисодию иҷтимоӣ мерасонанд, ки амали хиёнатро шабеҳ аст. Мебояд масъулиятшинос бошанду вазифаи шаҳрвандии содиқи худро бошарафона иҷро намоянд.
Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризм