​МАСТЕР-КЛАСС БО МУТАХАССИСОНИ ШИРКАТИ «ВАВИЛОН-Т»

Дар факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотии Донишгоҳ дар доираи ҳафтаи илм бо мақсади такмили донишҳои назариявӣ ва амалии донишҷӯён дар самти омӯзиши технологияҳои муосири телекоммуникатсионии рақамӣ мастер-класс дар мавзуи «Технологияи GPON» баргузор гардид.

Муовини сардори шуъбаи IT Санҷар Сангинов, муҳандиси пешбари IT Ихтиёр Ҳакимов ва менеҷери IT-и ширкати «Вавилон-Т» Амирхон Тоҷибоев донишҷӯёнро бо принсипи кори шабакаҳои нахи оптикӣ, сохтор ва таҷҳизоти асосии технологияи GPON, инчунин афзалиятҳои он дар таъмини интернети баландсуръат ва устувор шинос намуда, доир ба имкониятҳои техникии шабакаҳои пассивии оптикӣ, самаранокии истифодаи онҳо дар рушди инфрасохтори рақамӣ ва нақши онҳо дар татбиқи технологияҳои муосир маълумоти муфассал доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки қисми амалии чорабинӣ бо тарзи пайваст ва танзими таҷҳизоти марбут ба GPON баргузор гардида, барои мустаҳкам намудани донишҳои назариявӣ ва рушди малакаҳои амалии донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам меоварад. Иштирокчиён имконият пайдо намуданд, ки раванди кор бо таҷҳизотро бевосита мушоҳида ва назорат баранд.

Гуфта шуд, ки баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ-амалӣ барои баланд бардоштани сатҳи дониш, рушди салоҳиятҳои касбӣ ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир дар соҳаи телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ аҳаммияти бисёр муҳимеро соҳиб аст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ