​МАСЪАЛАҲОИ НАЗАРИЯ ВА АМАЛИЯИ ФАНҲОИ ГРАФИКӢ ВА ТЕХНОЛОГИЯ ДАР САНОАТИКУНОНИИ КИШВАР

Таҳти чунин унвон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арт-галерияи «Монӣ»-и факултети санъати тасвирӣ ва дизайни Донишгоҳ конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Нахуст муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Ятимзода Содиқ конференсияро ифтитоҳ бахшида, зикр дошт, ки дар шароити имрӯзаи пешрафти иқтисодӣ соҳаи саноат яке аз соҳаҳои муҳимми иқтисоди миллӣ маҳсуб ёфта, бо назардошти имкониятҳои дохилӣ ва мавҷуд будани ашёи хоми ватанӣ ҷиҳати ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ барои фароҳам овардани фазои солими сармоягузорӣ дар кишвар даҳҳо санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул гардидааст. Гуфта шуд, ки рушди соҳаи саноат дар асоси се ҳадафи умумимиллӣ фароҳам оварда шуда, саноатикунонии босуръати кишварро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи чорум эълон намуданд, ки тадбири мазкур дар давраи миёнамуҳлат аз кишвари аграриву саноатӣ ба мамлакати индустриаливу аграрӣ табдил ёфтани Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Дар бахши илмии конференсия профессори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Абдурасул Сатторов дар мавзуи «Нақши технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар таълими геометрия», профессори Донишгоҳи миллии педагогии Ӯзбекистон ба номи Низомӣ Сунатулло Абдирасулов дар мавзуи «Развитие художественной культуры будущих учителей изобразительного искусства» (маҷозӣ), дотсенти Донишгоҳ Саидаҳмад Олов дар мавзуи «Ташаккул додани тафаккури фазои донишҷӯён дар дарсҳои геометрияи тасвирӣ» бо маърузаҳои илмӣ баромад намуданд.

Дар маърӯзаҳои илмӣ таъкид шуд, ки барои самаранок гардондани таълими геометрия бояд истифодаи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ тақвият ёфта, норасоии захираҳои рақамӣ ва малакаҳои истифодаи онҳо бартараф гардад ва барномаҳои таълимӣ ба равишҳои инноватсионӣ мутобиқ карда шаванд. Гуфта шуд, ки сатҳи зебоипарастӣ ва ҷаҳонбинии ҳунарии омӯзгорони оянда баланд бардошта шуда, ҳамгироии донишҳои педагогӣ, бадеӣ ва технологӣ густариш ёбанд ва истифодаи моделсозии муосири 3D ва усулҳои амалӣ барои рушди тафаккури фазоии донишҷӯён дар ин раванд бисёр муҳим аст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ