МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ БАРОИ РУШДИ РОБИТАҲОИ БАЙНИФАРҲАНГӢ
Таҳти чунин унвон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи эълон гардидани соли 2026 – «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» дар толори Раёсати Донишгоҳ конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Конференсияро муовини ректор оид ба таълим профессор Насим Абдуллозода ҳусни оғоз бахшида, аҳаммияти омӯзиши забонҳои хориҷиро дар шароити ҷаҳонишавӣ махсус таъкид намуд. Ӯ зикр кард, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳои худ ба масъалаи омӯзиши забонҳои давлатӣ ва хориҷӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ҷавононро ба азхудкунии забонҳои хориҷӣ ҳидоят мекунанд.
Дар идомаи ҳамоиш намояндаи сафорати Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Матйӯ Колэ бо маърузаи худ таҳти унвони «Забонҳо: мисли пулҳои фикрианд» баромад намуда, нақши забонҳоро дар рушди муоширати байнифарҳангӣ муҳим арзёбӣ кард. Ҳамчунин, доктори илмҳои фалсафа, профессори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Соқӣ Султонзода дар мавзуи «Омӯзиши забони фаронсавӣ дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: таърих ва мушкилоти имрӯза» суханронӣ намуд.
Мудири шуъбаи табъу нашри Донишгоҳ, дотсент Ислом Раҳимов дар мавзуи «Аз таърихи таъсиси тахассуси «Таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ» маърузаи илмӣ пешниҳод кард. Ҳамзамон, муаллими калони кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойии факултети забонҳои шарқ Муқим Темуров дар мавзуи «Ҳолати таълими забони фаронсавӣ ва низоми Delf дар Тоҷикистон» андешаҳои хешро баён дошт.
Дар анҷоми конференсия иштирокчиён доир ба роҳҳои рушди минбаъдаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва густариши робитаҳои байнифарҳангӣ байни ҳам мубодилаи афкор намуданд.
Маркази иттилоот ва студияи «Фурӯғ»