​Маркази сулҳу салоҳ!

Одатан сарҷамъ гардидани намояндаҳои ҳизбу ҳаракат ва неруҳои мухолиф дар мавзеи алоҳида аён месозад, ки макони сарҷамъӣ макони амну осоишта, файзбору босаодат аст. Зеро, ҳар фарде аз ҷонибҳо хоҳони пешбурди ақидаву андешаҳои маърифатовари худ буда нияти комёб гаштанро дорад ва хусусан, хоҳони дарёфти саодат дар макони пурсаодат мебошад.

Дар шаҳри Душанбе- пойтахти бошукӯҳи тоҷикон ташкил ва баргузор гардидани чорабиниҳои муҳим, аз ҷумла “Муколамаи Ҳирот” ҷабҳаҳои мухталифи рушди ҷомеароинъикос менамояд, ки кӯшиши баҳодиҳии баъзе аз онҳоеро хоҳем кард. Аслан,пазируфтани даъвати нишасти сари мизи ягона худ нишонаи эътирофи мақоми даъваткарда асту хоҳиши ҷонибҳоро баҳри талош ба сулҳу салоҳ ифода менамояд. Баъзан, сари як мизу толор нишастани ҷонибҳои мухолиф шаҳодати фазои мусоиди ҳамдигарфаҳмӣ аст, ки ҳукмфармои фазои Душанбе мебошад.

Омадани сарвари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон Аҳмад Масъуд баҳри муколама ва гуфтушунид бо намояндагони ҳаракати Толибон - соҳибони кунунииқудрати давлатии Афғонистонрӯйдоди муҳими таърихист, дар барқарор сохтани сулҳу салоҳи ҷомеаи азияткашидаи давлати ҳамсоя мебошад, ки амал ва воқеияти фараҳбахш аст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон гувоҳӣ медиҳад, ки гуфтушунидҳои пайвастаи ҷонибҳои мухолиф дар охир барои пайдо гардидани заминаи воқеии танзими муносибатҳои тарафайн мусоидат хоҳад кард. Зеро, ҳамаи ҷонибҳо омодаи мусолаҳаю оштипазирӣ сари миз нишастанду дар баробари ҳимояи манфиатҳои хеш омодаи гузаштҳо низ ҳастанд.

Хурсандиовар аст, ки пойтахти кишвари маҳбубамон макони баргузории чунин муколамаи хайрандеш шудаасту сатҳи баланди ташкили чорабинӣ, таъмини амнияти иштирокчиён ва ғайраро барпо сохтааст. Агарчи, дар муколаманатиҷаҳои миёндавра ба даст омадаасту халос, эҳтимол меравад, ки он дартаҳкими муносибатҳои тарафайн қадамҳои нахустини устуворона мешавад. Зеро, Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳифзи тоҷикони берунмарзиро пешаи- муқаддас меҳисобад ва ҷонибдори таъминоти сулҳу субот дар кишвари ҷангзадаи ҳамсоя мебошад. Чунки, мардуми Афғонистонро бо мо ҳам таърихи тамаддуну фарҳанги қадима, забони шеваи дарӣ, урфу одат, анъанаҳои миллӣ ва садҳо омилу воқеиятҳо бо ҳам мепайвандад. Аз ин лиҳоз, баргузории “Муколамаи Ҳирот”-ро шодбош гуфта метавон онро чун падидаи неку ояндасози пойдории сулҳу субот дар минтақа муаррифӣ намуд, ки марказу меҳвари он пойтахти тоҷикони ҷаҳон- Душанбеи абадзебо гардидааст.

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ