Маркабсавори бало
Сардори ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати Ислом Муҳиддин Кабирӣ маркабсавор чун одати ҳамешагӣ фуки худ боло гирифта дар оғӯши хаёлоти балвогарона дар Саҳрои Кабир мерафт, ки аз ҷониби муқобил сояе шабеҳи аҷина падидор шуду ин муртади маккор маркаби худ боздошт. Чунки, андеша кард, ки дар биёбон нафари вохӯрда ё роҳзан ё талбанда мешавад, ки эҳтимол ба ғасби молу сарват даст занад. Зеро, дар хӯрҷини маркабаш сарватҳои бар ивази хиёнатпешагию мазҳабфурӯшаш ғункардаашро нигоҳ медошту орзуи баҷо кардани онро дар макони махфӣ мапарварид. Дере нагузашта соя ба Кабирӣ наздик мешаваду тарсу ҳароси Кабирии баднафс боло меравад. Сояи аҷинасимо ба сӯи Кабирӣ нигоҳе афканду садокард, ки “ман Коронавирус ҳастам, туро сироят намояду табибе даво наёбад, магар бар ивази молу сарватат!”. Кабирӣ дар фикри интихоби ҷон ё сарват ғӯтида намедонист чӣ тавр илоҷе ёбаду сарвати тавассути хиёнат ба Ватану мазҳаб аз хоҷагони хориҷиаш ғункардааш ва ҳам ҷонашро амонӣ ёбад.Он лаҳза Коронавирус бо тамасхуру истеҳзои нафратовар садо кард, ки “Эй Худозодаи палид! Наход сарват аз ҷонат бештар қимат дорад, ки ту андешаи интихоб дорӣ! Ҳамон қадар баднафсу дилсиёҳӣ, ки хоси фарзандони Одамизод нест! Садқаи номи одамӣ шав! Ту ҳатто сироятро ба беморӣ намеарзӣ! Аз ту ҳазар мекунам, ҳайфи одамӣ” ва бошитоб аз ӯ дуру нонамо гардид.
Кабирии фосиқи мунофиқ аз нав хушҳол гашту дар дили сиёҳаш хурсандӣ кард, ки “Ана ҳам ҷону ва ҳам сарваташ амон ёфт!”. Ин муртад ҳатто ба гӯшаи хотир наовард, ки Офаридгор ҳама амалҳояшро бохабару дар ҷаҳаннам оташ интизори ӯст.
Боқӣ қазоват ба хонанда аст, ки ба Кабирию ҳаммаслаконаш баҳои воқеӣ диҳанду хуб дарк намоянд, ки баднафсу палидони наҳзатиро ҳатто Коронавируси марговар ҳазар кардааст. Эҳтимол меравад, ки моҳияти масъаларомақоли ҳикматомези халқӣ “аз бало ҳазар” инъикос менамояд.
Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”