Маърифати ҳуқуқӣ омили таъмини Истиқлолӣ давлатӣ

Дар ҳама давру замон асоси пешрафти ҷомеаҳои мутамаддин риояи қонуну қоидаҳои адолатпарвару инсонмеҳвар дониста мешавад. Дар ин замина баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва тавсеаи донишҳои ҳуқуқӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими ҳаёти имрӯза ба шумор рафта, давлату Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз ибтидои ташкили ҳукумати конститутсионӣ дар соли 1992 ба ин самт таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, бо мақсади боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии муҳим ва барномаҳои алоҳидаро таҳияву қабул намудааст. Қабул ва татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ яке аз қадамҳои муҳимму умедбахш дар роҳи фароҳам овардани заминаҳои меъёрии ҳуқуқии ба маҷрои бонизом ва ояндадор равон кардани ҷомеа ба шумор меравад, ки таҳкурсии боэътимоди барномаҳои минбаъдаи давлатиро асос гузоштанд. Гузашта аз ин, асоси ташкиливу ҳуқуқии маҷмуи чорабиниҳои хусусияти омӯзишиву таблиғотидошта ба хотири маърифати баланди ҳуқуқии табақаҳои гуногуни аҳолӣ фароҳам омад. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ раванди ислоҳоти ҳуқуқӣ тамоми паҳлӯҳои зиндагии ҷомеаро фаро гирифт ва роҳҳову самтҳои инкишофро муйаян намуд. Нуқтаи асоситарини тадбиқи ин ислоҳот қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 мебошад, ки таҷассумгари бақои давлату миллат мебошад. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон вазифаи муҳимтарини давлате маҳсуб меёбад, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст.

Маърифати ҳуқуқӣ — ин фаҳмиши одамон дар бораи ҳуқуқ ва ӯҳдадорӣҳои худ мебошад, ки барои рушди демократия, ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва таъмини адолат дар ҷомеа зарур аст. Ин маърифат на танҳо ба шахсият, балки ба ҷомеаи умумӣ таъсири амиқ мерасонад. Дар ин мақола, мо аҳамияти маърифати ҳуқуқӣ, роҳҳои баланд бардоштани он ва таъсири он ба ҷомеа ва давлатро муҳокима хоҳем кард.

Маърифати ҳуқуқӣ — ин фаҳмидани одамон дар бораи ҳуқуқҳо, масъулиятҳо ва имкониятҳои худ дар доираи қонунҳо мебошад. Он ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки бо қонунҳо шинос шаванд, ҳуқуқи худро ҳифз кунанд ва дар ҳолатҳои мухталиф амал кунанд. Маърифати ҳуқуқӣ на танҳо дониши қонунҳоро дар бар мегирад, балки фаҳмиши амиқи арзишҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсонро низ талаб мекунад.

Аҳамияти маърифати ҳуқуқӣ:

1. Ҳифзи ҳуқуқҳо: Одамон бо донистани ҳуқуқҳои худ метавонанд онҳоро талаб кунанд. Агар шаҳрванде на донад, ки чӣ гуна ҳуқуқ дорад, он вақт наметавонад онҳоро ҳифз кунад. Маърифати ҳуқуқӣ имкон медиҳад, ки одамон бо боварии бештар дар ҳолатҳои мухталиф амал кунанд.

2. Тараққиёти демократия: Яке аз шартҳои асосии демократия ин маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. Одамон бояд донанд, ки чӣ гуна метавонанд дар раванди интихобот иштирок кунанд, чӣ гуна метавонанд ба мақомоти давлатӣ муроҷиат кунанд ва чӣ гуна метавонанд ба ҳифзи ҳуқуқи худ кӯмак расонанд.

3. Масъулият: Фаҳмидани ҳуқуқҳо бо худ масъулиятҳоро низ меорад. Одамон бояд донанд, ки чӣ гуна амал кардан ва чӣ гуна бо дигарон муносибат кардан лозим аст. Маърифати ҳуқуқӣ ба одамон кӯмак мекунад, ки дар ҷомеа фаъол бошанд ва масъулияти иҷтимоиро эҳсос кунанд.

4. Идоракунии ҷамъиятӣ: Маърифати ҳуқуқӣ метавонад ба беҳтар намудани идоракунии ҷамъиятӣ мусоидат кунад. Агар шаҳрвандон бо қонунҳо шинос бошанд, онҳо метавонанд дар равандҳои сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеа фаъолона иштирок кунанд.

Роҳҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ:

1. Таълим: Интизор меравад, ки муассисаҳои таълимӣ барномаҳои махсуси таълимии ҳуқуқиро пешниҳод кунанд. Ин барномаҳо метавонанд дар мактабҳо ва донишгоҳҳо гузаронида шаванд. Таълими ҳуқуқи инсон бояд дар барномаҳои таълимии мактабҳо ва донишгоҳҳо дохил карда шавад.

2. Вебинарҳо ва семинарҳо: Созмонҳои ғайридавлатӣ метавонанд вебинарҳо ва семинарҳо оид ба ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқи шаҳрвандон баргузор кунанд. Ин чорабиниҳо метавонанд барои одамон имконият фароҳам оранд, то бо мутахассисони соҳа шинос шаванд ва саволҳои худро пурсанд.

3. Расонаҳо: Воситаҳои ахбори омма метавонанд дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ нақши муҳим дошта бошанд. Маълумот дар бораи ҳуқуқҳо ва масъулиятҳо бояд дар расонаҳо мунташир карда шавад. Барномаҳои телевизионӣ, мақолаҳо ва гузоришҳои радиои метавонанд кӯмак расонанд, то мардум бо масъалаҳои ҳуқуқи инсон шинос шаванд.

4. Масъалаҳои иҷтимоӣ: Воситаҳои ахбори омма метавонанд масоили иҷтимоиро, ки бо ҳуқуқи инсон алоқаманд аст, баррасӣ кунанд. Ин метавонад ба мардум кӯмак кунад, то фаҳманд, ки чӣ гуна мушкилот ва масъалаҳои иҷтимоӣ метавонанд ба ҳуқуқҳои онҳо таъсир расонанд.

5. Компанияҳо ва ташвиқот: Созмонҳои ғайридавлатӣ метавонанд кампанияҳо ва ташвиқотро барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ташкил кунанд. Ин кампанияҳо метавонанд дар шабакаҳои иҷтимоӣ, вебсайтҳо ва чорабиниҳои ҷамъиятӣ гузаронида шаванд.

Таъсири маърифати ҳуқуқӣ ба ҷомеа:

1. Кам шудани хилофоти ҳуқуқӣ: Бо баланд шудани маърифати ҳуқуқӣ, мардум бештар қобилияти талаб кардани ҳуқуқи худро пайдо мекунанд. Ин метавонад боиси кам шудани хилофоти ҳуқуқӣ ва норозигиҳо гардад.

2. Пешгирии ҷинояткорӣ: Агар одамон бо қонунҳо шинос бошанд, онҳо эҳтимолан камтар ҷиноят содир мекунанд. Маърифати ҳуқуқӣ метавонад боиси пешгирии ҷинояткорӣ ва таҳкими амнияти ҷамъиятӣ гардад.

3. Рушди иқтисодӣ: Ҷомеаҳои бо маърифати ҳуқуқии баланд метавонанд рушди иқтисодиро беҳтар кунанд. Одамон бо дониши бештар дар бораи ҳуқуқи соҳибкорӣ метавонанд беҳтар кор кунанд ва ин метавонад ба рушди иқтисодӣ мусоидат кунад.

4. Таъсир нарасонидани зӯроварӣ: Маърифати ҳуқуқӣ метавонад ба коҳиш додани зӯроварии хонагӣ ва дигар шаклҳои зӯроварӣ кӯмак расонад. Одамон бо дониши бештар дар бораи ҳуқуқи худ метавонанд дар муқобили зӯроварӣ қарор гиранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28.12.2023 қайд намуданд, ки: «Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем.

Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад».

Иқдоми наҷиб, яъне, соли 2024 – ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидан ба дурнамои неки таҳкими низоми демократӣ, ҷомеаи адолатпарвару ҳуқуқмеҳвар ва қонунсолор мусоидат менамояд. Воқеан, ҷомеае, ки ба инсонҳои бомаърифат ва тарбиятдида такя мекунад, аз шикасти ирода ва таназзул эмин буда, ба пирӯзии сартосарӣ ноил мегардад. Шуурнокии ҳуқуқии шаҳрвандон аз бисёр ҷиҳат муайянкунандаи дараҷаи рушди давлат ва таъмингари эътибори он дар миқёси ҷаҳони муосир аст. Месазад, ки дар партави иқдомҳои дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳрвандон дар доираи эълони соли 2024 – ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» баҳри боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон даст ба кор бошанд ва сифати баланди баргузории чорабиниҳои нақшавиро дар ин самт татбиқ намоянд.

Имрӯз дар мамлакат вазъи ҳуқуқии тамоми соҳаҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим мегарданд ва таҳким меёбанд. Мавҷудияти базаи мустаҳками қонунгузорӣ рушди пайвастаи соҳаҳои мамлакатро таъмин намуда, ба омилҳои асосии инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаҳо мегузоранд. Тавре маълум аст, Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоиро ҳадафи имрӯзу ояндаи инкишофи худ қарор додааст. Дар раванди ташаккули чунин давлат ва ҷомеа ҳуқуқ нақши бузургу ҳалкунанда дорад ва ҳамагуна муносибатҳо дар асоси ҳуқуқ ва қонун танзим карда мешаванд. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии табақаҳои мухталифи ҷомеа тамоми чораҳои заруриро амалӣ намуда, дар ин самт як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул кардааст. Ҳоло дар мамлакат барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои солҳои 2020 – 2030 амалӣ шуда истодааст. Барномаи мазкур дар шароити кунунӣ бағоят муҳим буда, зарур аст, ки муқаррароти он ва дар ин замина муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни қишрҳои гуногуни аҳолии мамлакат аз ҷониби масъулини мақомоти дахлдори давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мунтазам тарғибу ташвиқ шаванд, то ба ин васила маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони мамлакат боло равад. Таъмин намудани дастрасӣ ба адолати судӣ ва иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, муҳокимаи ошкоро ва одилонаи судӣ ба таҳкими қонуният, пешгирӣ кардани содиршавии ҷиноят, эҳтиром ба қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамояд. Эълон гардидани соли 2024 – ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва тавъам донистани он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбири муҳимму саривақтӣ барои бунёди ҷомеаи мутамаддин, сохтани шахси комил ва эъмори давлати ободу муосири миллӣ мебошад. Тавре ки маълум аст, тамоми механизми қонунгузории мамлакат аз Конститутсия сарчашма мегирад. Конститутсияе, ки соли 2024 сиюмин солгарди қабули он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Ҳамон Конститутсияе, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми мамлакатро фароҳам овардааст ва яке аз дастовардҳои муҳимтарини тоҷикон мебошад. Ба ифодаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «дар ҷомеаи мутамаддини муосир қонун ҳамчун воситаи танзимкунандаи ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа нақш ва мавқеи бебаҳс дорад, зеро пешрафти ҷомеа фақат бо роҳи танзими қонунӣ ва одилонаи муносибатҳои ҷамъиятӣ имконпазир аст». Маврид ба қайд аст, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккулу инкишоф ва рушду таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад. Зимнан бояд гуфт, ки агар қабули қонунҳо, сифату табиати иҷтимоӣ ва механизми амали онҳо масъалаи марказӣ бошанд, пас татбиқи мустақими онҳо дар ҷомеа аҳамияти аввалиндараҷа дорад ва ин ба сатҳи тафаккури ҳар як нафар алоқаманд аст. Дар давлате, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ риоя ва эҳтиром карда мешаванд, рӯ ба инкишоф меорад. Дар ҷомеа тартиботи ҳуқуқӣ дуруст риоя шавад, пешрафт муяссар гардида, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар амал татбиқ мегарданд.

Бояд гуфт, ки яке аз сабабҳои асосии содиршавии ҷиноятҳо вайрон намудани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз тарафи шаҳрвандон мебошад. Бояд гуфт, ки донистани ҳуқуқ вазифаи ҳар як шаҳрванд аст. Шаҳрвандон бояд санадҳои меъёрии ҳуқуқиро донанд ва риоя намоянд, зеро дарки моҳияти санадҳои ҳуқуқӣ мавқеи шахсро дар ҷамъият боло мебарад. Нафаре, ки санадҳои меъёрии ҳуқиқиро медонаду аз талаботи онҳо бохабар аст ва риоя менамояд, метавонад, ҳуқуқҳои худро ҳифз намояд. Риоя, дарк ва эҳтироми қонунҳо дар моддаи 42-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври зайл омадааст:

«Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд.Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад».

Ин меъёри конститутсионӣ шаҳрвандонро боз ҳам водор месозад, ки дар самти риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда пешоҳанг бошанд.

Хотирнишон бояд кард, эъмори давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ маърифати баланди ҳуқуқиро тақозо менамояд, бидуни он арзишҳои бунёдӣ ва принсипҳои ҷомеа, аз қабили волоияти қонун, афзалияти ҳуқуқу озодӣ, ҳифзи манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд наметавонанд, комилан амалӣ шаванд. Элон гардидани соли 2024 – ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» барои аз худ намудани донишҳои ҳуқуқӣ, эҳтирому риояи Конститутсия ва дигар қонунгузории амалкунандаи мамлакат аз ҷониби шаҳрвандон ва дар раванди эъмори давлати ҳуқуқбунёд саҳм гузоштани онҳо натиҷаҳои назаррасро ба бор хоҳад овард. Рушди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дошта, барои ташаккули маърифати ҳуқуқӣ бояд аҳамияти аввалиндараҷа дод. Барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар доираи иқдоми соли 2024 – ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» зарур аст, ки аз ҷониби намояндагони муассиса ва идораҳои дахлдори давлатӣ бо иштироки доираи васеи табақаҳои мухталифи ҷомеа чорабиниҳои ташвиқотию тарғиботӣ бештар ба роҳ монда шавад. Зеро баланд гардидани маърифати ҳуқуқии аҳолии мамлакат барои пешгирии қонунвайронкуниҳо, таъмини волоияти қонун, риояи Конститутсия ва қонунгузории амалкунандаи мамлакат, инчунин, эътирофу эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамояд.

Маърифати ҳуқуқӣ барои ҳар як шаҳрванде, ки мехоҳад дар ҷомеа фаъол бошад, зарур аст. Он на танҳо барои ҳифзи ҳуқуқҳои шахсӣ, балки барои рушди умумии ҷомеа низ аҳамияти калон дорад. Бо баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, мо метавонем ҷомеаи адолатпарвар ва демократиро созем. Ин маърифат на танҳо фоидаовар аст, балки барои таъмини зиндагии осоишта ва адолат дар ҷомеа низ зарур мебошад.

Маърифати ҳуқуқӣ бояд як равиши доимии таълим бошад, ки на танҳо дар мактабҳо, балки дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ амалӣ гардад. Ин равиш метавонад ба рушди шахсиятҳо, беҳтар шудани муносибатҳои иҷтимоӣ ва таъмини адолат дар ҷомеа мусоидат кунад.

Қурбонова М.У. муаллимаи калони кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ