Мардуми қавиирода ҷонибдори сиёсати сулҳпарваронаи роҳбари давлат
Дар ҷамъияти имрўза шахсиятҳое вомехўранд, ки барои тараққиёту пешравии Ватани хеш хизматҳои шоёне ба анҷом мерасонанд ва ҳамешагӣ мекўшанд, ки барои нафъи мардум хизмат кунанду Ватани хешро обод созанд.
Дар таърихи навини тоҷик чунин шахсияти ободкору ватандўст Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд, ки бо заҳмату талошҳои худ ҳамешагӣ мекўшанд то ба мардум зиндагии осударо фароҳам созанд.
Аммо бо вуҷуди чунин шахсиятҳои бузург, боз дар ҷамъият шахсиятҳое вомехўранд, ки нисбати онҳо чӣ қадар суханҳои қабеҳтарин гуфтан ҳам кам аст, ки яке аз онҳо Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад, ки бо амалҳои ғаразноки худ аз берун истода барои боз ҳам дар байни мардум ҳасад андохтан ҳаракат мекунад.
Муҳаммадиқболи Садриддин, ки ин пешравиҳоро дида наметавонанд, чӣ кор аз дасташ меояд, роххои гуногуни барафрохтани низое, ки бадбинии мардумро нисбати ҳокимият ба амал меорад, ҷустуҷў дорад.
Барои ба ин дастовардҳои имрўза расидан чӣ қадар заҳматҳои шабонарўзӣ, чӣ қадар ҷоннисориҳо шуда гузаштанд. Дар ҳолате, ки шумо аз як канор истода он чӣ ки ба даҳон меояд, мегўед ва ҳукумати Тоҷикистонро дар ҳар чиз гумонбар месозед ва дар шабакаи ISLOH.TV бо баромадҳои нодуруст мардумро гумроҳ сохтаниед. Муҳаммадиқболи Садриддин аллакай худаш пай бурда истодааст, ки халқ бедор шудааст. Пешвои худро интихоб карда бо роҳи сулҳу осоишта рафта бо кору фаъолияти худ машғул аст.
Тоҷикон халқи сарбаланду қавиирода буда, ба ҳар гуна ақидаҳои ғаразнок бовар намекунанд. Халқи тоҷик, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси кишвар сиёсати хирадмандонаи Сарвари муаззами миллат Эмомалӣ Рамонро дастгирӣ мекунанд ва мекўшанд, ки Тоҷикистони азизамонро ба яке аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон табдил диҳанд.