​Маориф ва рушди он дар меҳвари Паём

Дар Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 декабри соли 2024 ироа гардид, баробари баррасии вазъи кунунии соҳаҳои мухталифи ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, ба соҳаи маориф ҳамчун самти калидии таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва таъмини рушди устувори ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид. Дар ин замина, дастовардҳо ва нишондиҳандаҳои соҳа дар тӯли даврони Истиқлоли давлатӣ мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифтанд. Маориф, бе муболиға, нақши бунёдӣ ва сарнавиштсозро дар таҳким ва пешрафти ҳар як давлат иҷро менамояд. Он таҳкурсии устувор ва эътимодбахш барои рушди мутавозини тамоми соҳаҳои хоҷагии миллӣ, ташаккули ҷомеаи солим ва мутамаддин, тарбияи инсони комил ва шаҳрванди ватандӯст ба ҳисоб меравад.

Аз ин лиҳоз, дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятнок эътироф гардида, дар меҳвари таваҷҷуҳи доимии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Таъмини шароити мусоид барои рушди илму маориф ва тарбияи насли ҷавони босаводу худогоҳ ва ватандӯсту хештаншинос ҳадафи стратегии сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб меёбад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду такомул ва таҳкими заминаҳои моддиву маънавии соҳаи маориф таваҷҷуҳи доимӣ ва афзалиятнок зоҳир менамоянд. Дар ин росто, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия ва татбиқи ислоҳоти соҳа, ҷудо намудани маблағҳои зарурӣ аз буҷети давлатӣ ва ҷалби сармояҳои дохиливу хориҷӣ пайваста тадбирҳои муассир андешида мешаванд.

Пешвои муаззами миллат, ҳамчун роҳбари хирадманду дурандеш ва ҳомии фарҳангу маънавиёт, ба дурнамои рушди устувори соҳаи маориф, бахусус тавсеаи шабакаи муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ, ки заминаҳои бунёдии ташаккули донишу маърифати насли наврасро ташкил медиҳанд, диққати махсус медиҳанд. Дар ин замина, зимни ироаи Паёми солона ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ибрози ақида намуданд: «Дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо назардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синни томактабӣ бо муассисаҳои томактабӣ, бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумӣ бояд таъмин карда шавад.»

Ин иқдоми стратегӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи фарогирии кӯдакони синни томактабӣ бо муассисаҳои томактабӣ, беҳтар намудани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва дар маҷмӯъ, рушди устувори низоми миллии маориф нақши калидӣ хоҳад бозид.

Таваҷҷуҳи хоссаи Сарвари давлат ба тавсеаи шабакаи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ на танҳо ифодаи дастгирии соҳаи маориф, балки ҷузъи таркибии стратегияи дурандешона ва ҳадафмандест, ки ба тарбияи насли навраси донишманду соҳибмаърифат, дорои ҳисси баланди худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву меҳанпарастӣ нигаронида шудааст. Дар татбиқи амалии ин ҳадафи созанда,ки ба таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва рушди устувори ҷомеа мусоидат менамояд, ҳар як фарди ҷомеа ва тамоми сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ бояд фаъолона саҳмгузор бошанд ва манфиатҳои олии миллат ва давлати тамаддунсолори тоҷикро маҳак ва меъёри аслии фаъолияти худ қарор диҳанд.

Ин тадбири муҳим бо дарназардошти афзоиши табиии аҳолӣ ва зарурати мутобиқсозии инфрасохтори иҷтимоӣ, махсусан дар деҳоти мамлакат, аҳамияти вижа касб мекунад. Таъмини дастрасии баробари тамоми қишрҳои ҷомеа, новобаста аз маҳалли зист, ба хизматрасониҳои босифати таълимӣ вазифаи муқаддаси давлат дар назди шаҳрвандон мебошад. Дар ин робита, Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки «роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки дар панҷ соли оянда бо назардошти афзоиши табиии аҳолӣ ҷиҳати дар ҳар маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, ҳатман бунёд намудани як муассисаи томактабӣ тадбирҳои амалӣ ва муассир андешанд».

Ин дастури мушаххас дар роҳи таъмини адолати иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити баробари зиндагӣ дар шаҳру деҳот ва таҳкими ваҳдати миллӣ нақши муассир хоҳад дошт.

Таъкид бояд кард, ки сиёсати маорифпарварона ва ҳикматомези Пешвои муаззами миллат, ки самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ маҳсуб меёбад, хусусияти ояндасоз ва манфиати стратегӣ дошта, ба таҳкими устувори пояҳои давлатдории навини тоҷикон, рушди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ташаккули миллати ягонаву муттаҳид нигаронида шудааст. Дар ин замина, ба таҳия, қабул ва татбиқи пайгиронаи стратегияву барномаҳои давлатӣ ҳамчун механизмҳои калидии танзими фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Ин ҳуҷҷатҳои барномавӣ, ки дурнамои рушди соҳаро муайян месозанд, имкон медиҳанд, ки ҳадафҳои стратегии давлат дар самти маориф бо назардошти ҳалли мушкилоти мавҷуда ва воқеияти рӯз марҳила ба марҳила амалӣ карда шаванд.

Зимни ироаи Паёми солона ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат иброз доштанд, ки дар ҳоли ҳозир дар низоми маорифи кишвар ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат мавриди татбиқ қарор доранд. Ин тадбирҳои муҳим ба рушду такомули низоми таълиму тарбия, татбиқи босамари ислоҳоти соҳа, дастгирии ҳамаҷонибаи муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон, таълифи китобҳои дарсии насли нави ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ ва таҷдиди куллии мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамоянд. Татбиқи барномаҳо ва стратегияҳои мазкур дар пешрафти устувори соҳаи маориф ва омода намудани мутахассисони баландихтисос барои тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар нақши муҳим мебозанд.

Ҳамин тариқ, Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун санади барномавии таҳлилӣ ва дурнамои стратегии рушди кишвар, барои пешрафти босуръати тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ заминаҳои мусоид ва уфуқҳои тозаи таҳқиқотиро фароҳам меоварад. Паёми Сарвари давлат, ки бар пояи таҳлили амиқи илмӣ ва бо назардошти воқеиятҳои ҷомеа таҳия мегарданд, барои муҳаққиқони соҳаҳои мухталиф манбаи муътамад ва илҳомбахш дар пешбурди пажӯҳишҳои бунёдӣ ва амалӣ маҳсуб меёбанд.

Бахусус, бо мақсади тавсеаи равандҳои инноватсионӣ, татбиқи густурдаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ ва ташаккули иқтисоди донишбунёд, Пешвои муаззами миллат ташаббуси наҷибона пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025-2030 "Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия" эълон карда шаванд. Дар татбиқи амалии ин иқдоми сарнавиштсоз, ки омили калидии таъмини рушди устувор ва баланд бардоштани рақобатпазирии кишвар дар арсаи байналмилалӣ мебошад, нақш ва масъулияти ниҳодҳои олии таълимӣ ва илмӣ басо муҳим ва таъйинкунанда аст.

Дар ин росто, таъсиси факултаҳо ва кафедраҳои тахассусӣ дар заминаи донишгоҳу донишкадаҳои олии ҷумҳурӣ ҷиҳати омода намудани мутахассисони баландихтисос ва ҷавобгӯ ба талаботи иқтисоди рақамӣ ва инноватсионӣ аз ҷумлаи тадбирҳои аввалиндараҷа ва дорои аҳамияти стратегӣ маҳсуб меёбад. Системаи миллии таҳсилоти олӣ бояд ба тақозои замон ва дурнамои рушди кишвар ҷавобгӯ буда, дар таҳия ва татбиқи технологияҳои иттилоотӣ ва инноватсионӣ пешсаф ва нерӯи пешбаранда бошад.

Саидумрон Саидов, дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ