​Манфиатҳои миллӣ – омили асосии истиқлоли давлатӣ

Ҳар як миллат бо чунин мафҳумҳо: истилолият, ваҳдад, идеологияи миллӣ, арзишҳои миллӣ, манфматҳои миллӣ, фарҳанги миллӣ устувориро худро нигоҳ медорад. Вобаста ба ин мафҳумҳои зикргардида, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳон дар раванди ҷаҳонишавӣ қарор дорад, ҳифз намудани онҳо дар мадди аввал меистад. Аз ин рӯ бо баробари ба даст овардани Истилоли давлатӣ таваҷҷӯҳи ҳуқумат бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Барои таҳким бахшидани Истиқлолии давлатӣ пеш аз ҳама барои ҳифз намудани манфиатҳои миллӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намудаанд, ки барои рушди давлат ва ваҳдати миллӣ заминаи асосӣ гардид.

Баояд зикр намуд, ки мафҳуми “манфиати миллӣ” хеле пеш дар замонҳои қадим ба миён омада буд. Онро ҳанӯз яке аз муаррихони Юнони қадим Фукудид барои муносибатҳои давлатҳои он замона – Афинава Спарта ифода намуда, истифода кардааст. Бубинид, ки барои барқарор намудани муносибатҳо, ҳамгороӣ ва иттифоқ олими Юнони Қадим манфиатҳои миллиро яке аз омилҳои муҳим медонист. Ибораи “манфиати миллӣ” аз асри XVIII дар муносибатҳои байналхалқӣ барои муттаҳид намудани халқу миллат хеле маъруф гардид. Бо назардошти муҳтавои мафҳуми мазкур, он бояд манфиатҳои воқеӣ ва ҳаққонии худи миллатро ба таври объективӣ бо имкониятҳои мавҷуда ифода кунад. Аз ин лиҳоз маҳз кӯшишҳои бунёдии давлатҳо, бояд барои қонеъ кардани талаботи ҳақиқӣ ва воқеии миллат дар раванди созандагӣ равона карда шаванд.

Вобасти ба бунёд намудани давлат ва миллат арҷгузоштан ба манфиатҳои милли мояи асосии истиклолият он мебошад, ки дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: “Андешаи миллӣ парвардаи ақли солим, хиради азалӣ ва ҳикмати чандинҳазорсолаи мардум мебошад, ки тавассути он тоҷикон худро ҳамчун миллат ҳифз карданд, фарҳанги оламшумул офаридаанд ва дар асри ХХ боз ба соҳибистиқлолӣ расидаанд[1]”.Андешаи солим метавонад милат ва давлат созад, ваҳдат ва ягонагиро бунёд намояд.Барои ҳамин дар баробари ҳифз ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ, тамомияти арзӣ, таъмини амнияти миллӣ, соҳибихтиёрии сиёсӣ, рушди иқтисодӣ ва фарҳангии давлату миллат манфиатҳои миллӣ дар мадди аввал меистад. Маҳз ин омил барои устувори ва созишу сазандагӣ, бунёди давлати миллӣ нақши муҳимро мебозад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуддаанд: “Андешаи милли барои таҳкими ваҳдати комил ва рушди устувори давлатдорӣ нақши басо муассир мебозад”[2]. Бо дарназардошти ин масъала моро зарур аст, ки манфиатҳои миллӣ – иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии гузаштаву имрӯзи худро хуб донем, иқтисоди миллиро рушд диҳем, иҷтимоиётро ривоҷ дода, дар раванди ҷаҳонишавӣ зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, фарҳангу маданияти ниёгони хешро бо ҳама суннатҳояш арҷ гузорем. Инчуни яке аз омилҳои муҳим дар раванди ҷаҳонишавӣ, ки ҷаҳонишавии иқтисодиёт ба шумор меравад, бояд рақобатпазирии истеҳсолоти миллиро таъмин намуда, манфиатҳои умумимилиамонро ҳифз намоем.

Таърих худ гувоҳӣ медиҳад, ки бобати давлату давлатдорӣ низомҳои сиёсию иҷтимоӣ дигар мешавад, ҳатто сулолаву шоҳу роҳбарҳо меоянду мераванд, вале ҳифзи манфиатҳои миллӣ барои ҳамешаги арзи вуҷуд намудани милат ва истиқлоли он заминаи асосӣ ва устувор нигош доштани он мебошад.

Аз ин хотир барои нигоҳ доштани Истиқлоли лавлатӣ мо пеш аз ҳама ба ҳифзи сохти давлатӣ, истиқлоли давлатӣ, ваҳдат, ягонагӣ, дӯстӣ, ҳуввияти миллӣ, истифодаи ҳамаҷонибаи захираҳои табиии кишвар, рушди иқтисоди миллӣ, нигоҳдошт ва баланд бардоштани мақоми байналмилалии кишвар, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, арзишҳои миллӣ, таърих, фарҳанг, расму оини миллиро арҷгузор бошем. Зеро ҳамаи ин ибораҳи закргардида аз ҷумлаи манфиатҳои миллӣ ба шумор мераванд, ки маҳз тавассути онҳо Истиқлоли давлатӣ ташакул ва побарҷо мемонад.

Густариш ва ташаккули маҷмӯи манфиатҳои миллӣ хел раванди тӯлонӣ ва пайдарпайи пуртазод мебошад, ки дар шароити мураккаби таърихии омилҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, психологӣ, фарҳангӣ ва ғайра сурат мегирад. Ҳамаи ин пеш аз ҳама ба маънавиёти баланд такя менамояд, ки онро аз саҳфаҳои таърих ҷустуҷӯ намуда, барои баланд бардоштани сатҳи маънавии халқу миллат пешкаш бояд намуд. Зеро бо баборобари ба да даст овардани Истиқлоли давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ба таърих рӯ оварда фарҳангу тамаддун ва арзишҳои миллиро эҳё намуданд, ки борои Ваҳдат миллӣ ва Истиқлол давлатӣ мусоидат намуд. Аз ин рӯ, манфиатҳои миллӣ бо поягузорон – ниёгон, халқ ва таърихи онҳо бебаҳоянд. Онҳо барои худмуайянкунии миллат яке аз далелҳои мушаххас ва бунёдии давлат, истиқлолият, ваҳдат ва миллат мебошанд.

Мояи асосии ҳамаи халқу миллат истиклолият ба шумор меравад, ки танҳо бо арҷгузорӣ ба фарҳангу тамаддун ва дастовардҳои ниёгони худ ба даст меояд. “Истиқлолият барои халқу миллати тоҷик нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳуввият, мазҳари ормонҳои таърихӣ,шиносномаи байналмиллалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари тоҷикон ба шумор меравад”[3]. Дар ин ҷода масъалаҳои мутафовути манфиатҳо ва арзишҳои миллӣ аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлол, таҳти роҳбарӣ ва сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун масоили афзалиятноки инкишофи сиёсии мамлакат густариши ҳуввияти миллӣ мавриди таваҷҷуҳи хосса қарор гирифт.

Из нигоҳи қонун “Соҳибихтиёрии давлат – ин мустақилияти ҳокимияти давлати муайян аз ҳокимияти дигар давлат мебошад.”[4]. Аз ин рӯ, пас аз ба даст овардани истиқлолият ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ вазъияти мамлакат ба куллан тағйир ёфта, ҳисси ватандӯстии одамон, боварӣ ба ояндаи нек ва муқаддасоти Ватан, арҷгузори ба манфиатҳои милливу ниёгони худ қувват гирифт.

Масъалаҳои матраҳшуда ба инобат гирифта шуда, афзалиятҳои манфиатҳои миллӣ дар масъалаҳои дохилӣ дигар шуданд, ки он пеш аз ҳама ба таҳкими сулҳу ваҳдат, истиқлолият, барқарор намудани иқтисодиёт, муносибатҳои самарабахши байни миллатҳо, рушди соҳаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг ва ғайра равона гардидаанд, ки дар ин раддабандӣ дарки амиқ ва самарабахшӣ афзалиятҳои манфиатҳои миллӣ нақши мусбат мебозанд.

Бо чунин пеша муносибат ба масъалаҳои мухталифи калидии, аз ҷумла ҳимояи манфиатҳои миллӣ, бахусус барои кишвари мо, ки дар раванди рушди истиқлол ва давлатдории навин қарор доштем, ҳукми бартарӣ ва зарурати хосаро пайдо намудааст. Зеро дар ин роҳ ба инобат гирифтани мақом ва нақши “ҳимояи манфиатҳо” дар ташаккул ва инкишофи ҷомеа, давлату миллат, итиқлолияту ваҳдат, дар раванди гузариши сиёсӣ хеле барҷаста нақши худро гузоштааст. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: “ба хотири манфиатҳои миллии кишварамон мо ба таври огоҳона сиёсати “дарҳои кушод”-ро интихоб намудем, ки дар тамоми ин давра ҳамчун як мактаби сиёсии воқеъбинона ва сулҳомез амал карда, натиҷаҳои зарурӣ дод ва мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳонӣ муқаррар намуд. Имрӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари мутамаддини демократӣ ва дар ҳамкори бо кишварҳои дӯст ҳамчун шарики боэътимод эътироф гаштем”[5]. Маҳз манфиатҳои миллӣ дар инкишофи муносибатҳои байналхалқӣ мақом ва нақши давлату миллатро дар масири ҷаҳон муаррифи намуд.

Аз ин хотир барои расидан ба манфитҳи миллӣ ва устовории давлату миллат, ваҳдат ва ягонагӣ, бояд ба ҳифзи истоқлои давлатӣ, эҳтироми тамомияти ҳастӣ, фарҳанги миллӣ ва гиромидошти суннатҳову арзишҳои миллӣ арҷгузор бошем. Зеро мо тавонистем тавассути пос доштани ин арзишҳо давлати соҳибихтиёру тамаддуновари худро бунёд намоем. Дар ин раванд, ба хусус манфиатҳои миллӣ боис гардид, ки мо ба Истиқлоли комили давлатӣ расидем ва худро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар арсаи байналмиллалӣ шинос намуда, мавқеи сиёсиву ҳуқуқии худро муаррифи намудем. Ҳифзи манфматҳои миллиро пеша намуда худро, давлатро, миллатро ва ҳувияту ҳастиамонро бунёд намудем.

Аюбов Ҳаётулло, омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии фалсафаи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров

Пайнавишт:

  • Новый юридическийсловарь. Под / ред А.Н. Азрилияна, Москва: Институт новий экономика. 2006.
  • Тоҷикистон дар шоҳроҳи Истиқлол. Маҷмӯи мақолаҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Хуҷанд 2021.
  • Эмомалӣ Раҳмон. Гулчини андешаҳои Пешвои миллат: Нашриёти “Фонди адабии Айнӣ”. Душанбе 2020.
  • Эмомалӣ Раҳмон. Уфуқҳои Истиқлол. Нашриёт: “Ганҷи-нашриёт” Душанбе, 2018.



[1] Эмомалӣ Раҳмон. Гулчини андешаҳои Пешвои миллат с-54

[2] Эмомалӣ Раҳмон. Гулчини андешаҳои Пешвои миллат с-71

[3] Тоҷикистон дар шоҳроҳи истиқлол с-5.

[4] Новый юридическийсловарь с-953.

[5] Эмомалӣ Раҳмон. Уфуқҳои Истиқлол. С-19.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ