Манфиатҳои геополитикӣ дар Осиёи Марказӣ ва хатар ба амнияти минтақа
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ дар чӣ ҳолати ҳассосе қарор доранд ва дар раванди муосири ҷаҳонишавӣ ва рушду инкишофи худ бо чи гуна таҳдидҳои дохилӣ ва берунӣ рӯ ба рӯ шуданд. Дар иртибот ба фазои басо мураккаб, печида ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, вазъи геополитикии сайёра, афзудани тамоюлҳо ва хатарҳои терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ дар минтақа, аз он тақозо менамояд, ки истиқлолияти миллӣ, ҳимояи манфиатҳои халқ ва давлат метавонанд дучори хатару таҳдидҳои ҷиддии хориҷӣ ва дохилӣ гарданд. Бо назардошти чунин вазъи ҳассос метавон омилҳои зерини бунёдкунандаи нооромӣ ва бесуботӣ дар кишварҳои мухталифро ишора намуд. Инҳо: қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва нашъамандӣ; қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии яроқу аслиҳа ва моддаҳои тарканда; хариду фурӯши одамон, одамрабоӣ, бахусус занону кӯдакон; кибертерроризм (амнияти иттилоотӣ); терроризм ва экстремизми сиёсии динӣ; бархӯрди тамаддунҳо; гурӯҳҳои ҷинояткори фаромиллӣ ва ғайра.
Амалҳои зикршуда тавассути қувваҳои мухталифи радикалӣ ва террористӣ дар Осиёи Марказӣ идора мешаванд. Ҳоло дар ин минтақа беш аз 15 ташкилоти байналмилалии террористӣ, ба ном исломӣ вуҷуд доранд, ки ба суботу амнияти минтақа таҳдидҳои рӯзмарра ворид мекунанд:
1. "Салафия"; 2. "Ваҳҳобия"; 3. "Ҷунбиши исломии Ӯзбекистон"; 4. "Ҳизбу-т-таҳрир ал-исломӣ"; 5. Ҷамоати ихвону-л-муслимин; 6. Ҷамоатал-ислоҳ ал-иҷтимоъ; 7. "Ад-даъво исломия" (ҷиноҳи бунёдӣ - радикалии "Ҷамоат ал-ислоҳ ал-иҷтимоъӣ" буда, тавассути дастгирии бунёди "Лаббан Фондейшн" фаъолият мекунад); 8. "Акрамия" - дар водии Фарғона (Ҷумҳурии Узбекистон); 9. "Адолат уюшмаси" - дар вилояти Намангон (Ҷумҳурии Узбекистон); 10. "Ислом лашкарлари" – Узбекистон; 11. "Тавба" – Қирғизистон; 12. "Ҷунбиши Туркистони Шарқӣ" - (дар Синдзияни Чин); 13. "Ҷабҳаи миллӣ-инқилобии Туркистони Шарқӣ" - (мақсади он дар Осиёи Марказӣ таъсис додани давлати уйғурҳо мебошад); 14. "Ташкилоти наҷоти Туркистон"; 15. "Ҳизби исломии Туркистони Шарқӣ" ва ғайра.
Саволи мантиқӣ ба вуҷуд меояд, ки ин теъдоди зиёди гурӯҳҳои таҳрибкор дар ин минтақа ба чӣ навъ фаъолият машғуланд ва ҳадафҳои онҳо аз чӣ иборат аст? Оё воқеан онҳо донандагони исломи асл ва мудофеъони арзишҳои исломӣ ва миллӣ ҳастанд? Барои ҷавоб ёфтан ба ин саволҳо зарур аст ба баъзе масъалаҳои сиёсии Шарқи Наздик назар афканем ва ба саҳнаи бозиҳои сиёсии ин минтақаҳо тавассути абарқудратон рӯ орем, то ин ки баъзе ҳадафҳои "исломгароӣ" маълум гарданд.
Инқилобҳое, ки дар давоми чанд соли охир дар кишварҳои Шарқи Наздик таҳти шиори "Баҳори арабӣ" ба вуқӯъ пайвастанд, бо сароҳат нишон доданд, ки дар раванди муосири ҷаҳонишавӣ абарқудратҳо ба мақсади ба даст овардани манфиатҳои хеш ва дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои стратегии худ бо ин кишварҳо чӣ тавр муносибат менамоянд. Натиҷаҳои ҷанги беш аз 30-солаи хонумонсӯз дар Афғонистон, тазоҳурот ва ҷангҳо дар Ироқ, Миср, Либия, Сурия ва дигар кишварҳои арабу Африқои Шимолӣ нишон доданд, ки абарқудратҳо барои тарҳи нави "Ховари Миёнаи Бузург" аз чӣ гуна найрангҳои сиёсиву иқтисодӣ ва бозиҳои бунёдан тарҳрезишуда истифода мекунанд. Бахусус дар ин саҳнаи бозиҳои сиёсӣ аз як тараф Британияи Кабир ва ИМА, аз ҷониби дигар Русия, кӯшишҳои зиёде ба харҷ доданд, то дар кишварҳои араб, ки пойбанди иқтисоди собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буданд ва имрӯз бо Чин муносиботи наздик доранд, инчунин дар ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ, ба хусус дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ҳадафҳои стратегии худро амалӣ созанд. Аз тарафи дигар, бозингари асосии минтақаи Осиёи Марказӣ - Чин, кӯшишу талошҳои зиёде дорад, ки таъсири иқтисодии худро гузошта, тариқи он ҳадафҳои стратегии худро дар ин минтақа амалӣ созад. Ҳамзамон бозингарони дигаре ба мисли Туркия, Эрон, Ҳиндустон ва Покистон низ ба саҳнаи бозиҳои сиёсӣ ворид гашта, ба тадриҷ аз ҳадафҳои худ пуштибонӣ мекунанд.
Қобили зикр аст, ки мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ба яке аз сарчашмаҳои алтернативии захираҳои табиӣ дар сатҳи глобалӣ табдил ёфтааст. Воқеан захираҳои нафт, газ, уран, тилло, мис, нуқра, сангҳои қимматбаҳо, ашёи хоми аз ҷиҳати экологӣ тоза ва ғайра дар ин минтақа хеле зиёд аст. Аз ҷониби Збигнев Бжезинский таҳти унвони "Қавси инқироз" нақша пешкаш шуда, дар он тарҳе пешниҳод гардидааст. Дар доираи "Қавси инқироз" на танҳо кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон ва қисмати мусулмоннишини Чин ва Муғулистон низ шомил гаштаанд. Ин нақша дар шакли дигаре аз тариқи ҷумҳуриҳои мусулмоннишини Русия ва Қафқоз бояд ба Сибир ва Шарқи Дур роҳ пайдо намояд. Дар айни ҳол кишварҳои калидӣ ба хотири амалӣ сохтани нақшаи "Қавси инқироз" Афғонистон ва Тоҷикистон маҳсуб мегарданд. Ба ибораи дигар, акси садои Афғонистон бояд дар Осиёи Марказӣ ва дигар кишварҳои собиқ шӯравӣ инъикос гардад. Мутобиқи хулосаҳои таҳлилгарони сиёсии Маркази тадқиқоти масоили рӯзмарра "Альтернатива" (Қазоқистон) яке аз масъалаҳои хеле мушкиле, ки дар назди кишварҳои минтақа қарор дорад, ин масъалаи хуруҷи қувваҳои Созмони Атлантикаи Шимолӣ дар соли 2014 аз Афғонистон мебошад. Воқеан ҳам ин масъала сабаби таҳдидҳои ҷиддӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ хоҳад гашт. Яке аз ин таҳдидҳо шиддат ёфтани таъсири Амрико ва Созмони Атлантикаи Шимолӣ ба Осиёи Марказӣ хоҳад буд. Ба қавли ин таҳқиқгарон, баъд аз хориҷ шудани қувваҳои Созмони Атлантикаи Шимолӣ аз хоки Афғонистон қудрати сиёсӣ дубора ба дасти "толибон" баргашт ва дар ин раванд давлатҳои заифи Осиёи Марказӣ дар муқобили толибон истодагарӣ карда наметавонанд. Аз ин рӯ, дар ин раванд мудохилаи Русия ногузир хоҳад буд. Аз ин бозиҳои абарқудратони Ғарб дар Осиёи Марказӣ Русия низ бархурдор аст, чунки худ низ нақшаҳои бузурги геополитикиро баҳри таъмини амният дар минтақа дорад.
Қобили зикр аст, ки таҳаввулот дар геостратегияи Осиёи Марказӣ дар солҳои аввали баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ, барои бархе аз бозингарони минтақавӣ ва фароминтақавӣ як фаҳмишеро эҷод кард, ки мувофиқи он дар ин минтақа як муаммои геополитикӣ ба вуҷуд омадааст. Дар робита ба ҳамин муаммои идеологӣ ва қудратӣ абарқудратҳо дар пайи он гаштаанд, ки дар Осиёи Марказӣ ҷойгоҳи муносибе барои худ пайдо намоянд ва нуфузу таъсири худро зиёд созанд, то дар ин минтақа саҳме барои хеш дарёбанд.
Дар солҳои аввали пас аз ба даст овардани истиқлолият бо сабабҳои он ки Русия ба масъалаҳои дохилии худ банд гардида буд, фурсати хубе барои абарқудратҳо ба вуҷуд омад. Таваҷҷуҳи хоса ба арзишҳои геополитикӣ ва геостратегии Осиёи Марказӣ, манбаъҳо ва захираҳои фаровони нафту гази Хазар, мавқеияти гузаргоҳҳои пайвандкунанда (иртиботӣ), арзиши стратегии баҳри Хазар, назорати тавлиди манбаъҳо ва хатҳои қубурҳои газу нафт имконоти бесобиқаи гузоштани таъсир ба буҳронҳои минтақа, робитаҳои муштараки фарҳангӣ, таърихӣ ва иқтисодӣ миёни кишварҳои минтақа ва баъзе аз ҳамсояҳо, барои амалӣ намудани ҳадафҳои худ ва пур кардани вакууми қудрат дар Осиёи Марказӣ байни якдигар ба рақобат пардохтанд. Кишварҳои ғарбӣ, бахусус ИМА, ки минтақаи Осиёи Марказиро дар сиёсати худ хеле муҳим ва стратегӣ баррасӣ намудааст, бо ба вуҷуд омадани шароити нав ва ноил шудан ба мақсади хеш, инчунин ҷойгир шудан дар минтақа даст ба амалу талошҳо заданд. Дар муқобили он Русия, ки ин минтақаро ҷузъи сарҳадоти амниятии худ муаррифӣ менамояд, дар талоши он буд, ки дасти дигар рақибонро аз ин минтақа кӯтоҳ созад.
Таҳаввул дар геополитикаи минтақаи Осиёи Марказӣ, пайвандҳои таърихии Тоҷикистон, Эрон, Туркия, Афғонистон ва Чин бо кишварҳои Осиёи Марказӣ шароити навро дар ин минтақа ба вуҷуд овард, ки Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон дипломатияи навро бо ин кишварҳо ба роҳ андозанд ва нисбат ба ояндаи минтақа роҳбурди мушаххас дошта бошанд. Таваҷҷуҳи ин кишварҳо, ҳамчунин кишварҳои Ғарб ба Осиёи Марказӣ фурсати муносиберо ба вуҷуд овардааст.
Дар асоси далелҳои Аҳмад Рашшод, ки дар китоби худ "Толибон. Ислом. Нафт ва бозии нави бузург дар Осиёи Марказӣ" овардааст, дар давоми солҳои 1992 то 1995 дар Афғонистон аз 220 то 240 тонна маводи мухаддир истеҳсол гардида, ин кишвар дар баробари Бирма дар ҷаҳон ҷои аввалро ишғол кард. Фоидаи соф аз ин мавод барои гурӯҳҳои ҷиноятпеша 9,15 миллиард долларро ташкил дода буд. Аҳмад Рашшод хулоса мекунад, ки тиҷорати маводи мухаддир зери ниқоби ворид сохтани аслиҳа тавассути сохторҳои ҷосусии кишварҳои абарқудрат сурат мегирад. Ҳоло ҳаҷми маблағҳои аз муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ҳосилшуда ба андозае бузург аст, ки ба иқтисодиёт ва гузашта аз ин ба амнияти аксарияти кишварҳо таҳдид мекунад. Имрӯз ҳаҷми фоидаи солонаи тиҷорати маводи нашъаовар дар ҷаҳон баъди тиҷорати аслиҳа мақоми дуюмро ишғол менамояд.
Мавҷудияти беш аз 1206 километр марзи муштарак бо Афғонистон, ки асоси нооромиҳо дар минтақа аст, нигарониҳо барои авҷи ифротгароии исломӣ, аслиҳа, қочоқи инсон ва маводи мухаддир ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз тариқи он ба Русия ва Чин вуҷуд дорад. Дар шароити кунунӣ баъзе таҳлилгарони дохилӣ аз он пуштибонӣ мекунанд, ки нигаронии афзоиши исломгароён дар Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад. Аз ин ҷиҳат, ин ду бозингари минтақа, яъне Русия ва Чин дар як иттиҳоди муштарак дар муқобили якқутбагароии ИМА ва ҳаммаслаконаш истодагарӣ карда, кӯшишҳои зиёде доранд то шароити геополитикии Осиёи Марказиро таҳти назорат қарор диҳанд. Аз ин рӯ, сабаби асосии таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай ин муқобилат намудан ба ҳамин гуна таҳдидҳо ба ҳисоб меравад.
Шамил Назарзода, таҳлилгар