​Маккорони наҳзатӣ

Таҳлили амалҳои ноҷавонмардонаи аъзои ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати Ислом дар тамоми давраҳои мавҷудияташон қонунияти умумиро зуҳур менамоянд, ки онҳо ҳамеша аз сояи шахсияти мӯътабар, Пешвои муаззами тоҷикони ҷаҳон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарсу ҳарос доранд. Гарчанде, ки пайваста ба сӯи роҳбарияти олии Тоҷикистони маҳбуб сангпартоию ҳарзагӯӣ мекунанд, вале маккору буздиланд, ки ҳар амали нокасонаи муғризии худ вақте оғоз менамоянд, ки Пешвои муаззами миллат дар сафарҳои кории хориҷи кишвар бошанд. Аз ташкили қатли сайёҳон дар Данғара то қазияи нав дар Кӯҳистони Бадахшон исботи ин қонуният аст!

Наҳзатиёни палиди рӯбоҳмизоҷ! Аз Кабирии муртади фосиқу Муҳаммадиқболи бешараф то Раҷаб Мирзою Шавкати худобехабар пурсони ин ҳолат шавед, ки чаро аз сӯҳбати ошкоро ва маслиҳатомез бо Пешвои муаззами миллат дар макони падару бобоии худ – Тоҷикистон меҳароседу мегурезед? Бароятон гар Ватан азиз бошаду ободию рушди онро хоҳон бошед, бо кадом сабаб ба ин сӯ намеоед?

Сабаб он аст, ки муғризу тарсӯ ҳастед ва суханҳоятон ҳарзаи дар забонатон ҷойкардаи хоҷагони маблағгузоратон асту бас! Бароятон нафси ҳайвониву маблағ болотар аз ҳама арзишҳои инсонӣ асту намехоҳед аз манбаи даромади хориҷа маҳрум шавед!? Вагарна, мардию мардонагӣ медоштеду ватанхоҳиатон забонӣ намебуд ба Ватан меомадеду амали неке, ақаллан барои хешовандони худ анҷом медодед. Вале, афсӯс, ки бо ҳарзаю муғризӣ ва баднафсӣ хешу таборро низ шармсор кардаеду онҳо аз шумоён ҳазар доранд.

Иншооллоҳ лаҳзаҳое фаро мерасад, ки ҷисми беҷонатон сазовори кароҳат дар хоки бегона мегардаду мардуми олам аз ҳарзагӯию ҳангоматалабиатон халос хоҳанд ёфт! Ё наҳзатиён низ чун вируси COVID-19 штаммҳои нав ба нав пайдо мекунанд, ки сатҳи маккории онҳоро инъикос менамояд?!

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ