​Майдони иттилооти бегонаро, ки ба манфиатҳои милливу давлатӣ ва ба идеологияи ягонаи миллии мо созгор нестанд, танг созем!

Дар Тоҷикистон қонунгузор ба фаъолияти матбуоти озод ва мустақил шароит ва имконияти васеъ фароҳам овардааст, ки ин ба афзоиши теъдоди нашрияҳои мустақилу ҷамъиятӣ боис гардидааст. Ҷомеа ҳамеша ба хабари алтернативӣ эҳтиёҷ дорад ва ин ниёзи хонандаро имрӯз матбуот ва дигар расонаҳои мустақилу ҷамъиятӣ бароварда месозанд. Таъмини озодии матбуот ва сухан, ки яке аз рукнҳои муҳимми давлати дунявиву демократист, дар Тоҷикистон фароҳам аст.

Вале, инҷо таъкиди ин нукта ба маврид аст, ки дар баробари афзун намудани теъдоди расонаҳои хабарӣ ба беҳбуд бахшидани сатҳу сифати матолиби онҳо аҳамияти аввалиндараҷа бояд дода шавад. Зеро ҳар бинанда, шунавандаю хонанда дар масири интихоб қарор дорад ва ба андешаи мо танҳо бо пешниҳоди матолиби рақобатпазир, ҳадафрасу аз ҷиҳати услуб муосир мо метавонем, майдони иттилооти бегонаро, ки ба манфиатҳои милливу давлатӣ ва ба идеологияи ягонаи миллии мо созгор нестанд, танг созем. Барои он, ки ба ин ҳадаф ноил гардем, пеш аз ҳама бояд ба тайёр кардани мутахассисони касбии ҳамаи соҳаҳои васоити ахбори умум эътибори ҷиддӣ диҳем.

Хушбахтона, дар қатори дигар муассисаҳои олии кишвар дар МТД “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” низ кафедраи назарияи журналистика ва тарҷума амал мекунад, ки дар таъмини расонаҳои дохиливу хориҷӣ бо кадрҳои соҳибтахассус саҳми шоиста дорад. Соли таҳсили ҷорӣ се ихтисоси нав дар соҳаи мазкур таъсис дода шуданд, ки ба талаботи замони муосир ҷавобгӯанд.

Дар баробари ин, лозим аст, ки ба омода кардани журналистони сатҳи байналмилалӣ эътибори хосса зоҳир карда шавад. Дар муҳити журналистикаи тоҷик қаламкашоне, ки матлабашон ҷавобгӯи хостаҳо ва талаботи сатҳи байналмилал бошад, ангуштшуморанд. Шароити феълӣ тақозо мекунад, ки маводу матолиби журналистӣ, ки хусусияти ҳимояткунанда аз манофеи милливу давлатиро дороянд, бештар аз ҳама бояд берун аз кишвар нашр ва тарғиб гарданд. Чун набардҳои иттилоотӣ, ки бештар сари манофеи ҷонибҳо сар мезананд, аз хориҷ роҳандозӣ мешаванд. Бинобар ин, доштани журналистоне, ки ба забонҳои гуногуни хориҷӣ балад мебошанд ва бо матолиби худ вокунишҳои саривақтиро дар фазои иттилоотӣ мекоранд, шарт ва зарур аст.

Бобоҷони Хайриддин – ҷомеашинос, устоди ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ