​МАҲФИЛИ ЗАРИФОН ТАҲТИ УНВОНИ «ИҚТИСОД+»

Дар факултети иқтисодӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ-тарбиявӣ бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид, ки дар он намояндагони раёсати донишгоҳ — мушовири ректор Раҳимов Абдулфатоҳ ва муовини ректор оид ба тарбия Маҳмудзода Бахтиёр иштирок ва суханронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндасози кишвар дар татбиқи сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим дошта, барои рушди ҷомеа ва таҳкими истиқлоли миллӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо ибтикори донишҷӯёни факултет дар ҳошияи баргузор шуда, ба ҳозирин барномаи рангини фарҳангӣ ва тарбиявӣ пешниҳод гардид.

Дар ҷараёни барнома донишҷӯён саҳначаҳои дорои мазмуну муҳтавои тарбиявӣ, қироати шеърҳо дар васфи меҳанпарастӣ, ҷавонӣ ва ватандӯстӣ, инчунин сурудҳои дилнишин ва рақсҳои миллиро пешкаши иштирокдорон намуданд. Барнома бо муҳити гарму самимӣ ва фазои идона баргузор гардида, ба ҳозирин рӯҳияи болида ва таассуроти нек бахшид.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба донишҷӯёни фаъол барои иштироки фаъолона ва саҳми арзандаашон дар ҳаёти ҷамъиятии факултет сипоснома тақдим шуд.

Маркази иттилоот

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ