МАҲФИЛИ ҲУНАРМАНДӢ: ҲУНАР ОМӮЗ, К-АЗ ҲУНАРМАНДӢ...
Бо мақсади рушди қобилияти эҷодӣ, баланд бардоштани шавқу рағбати донишҷӯён ба ҳунарҳои миллӣ ва тарғиби арзишҳои фарҳангӣ дар факултети санъати тасвирӣ ва дизайн маҳфили ҳунармандӣ таҳти унвони «Ҳунар омӯз, к-аз ҳунармандӣ, даркушоӣ кунӣ на дарбандӣ» баргузор гардид.
Нахуст, устодону донишҷӯён аз намоиши корҳои эҷодӣ, ки фарогири намунаҳои гуногуни ҳунарҳои миллӣ ва эҷодӣ, аз ҷумла кашидадӯзӣ, рассомӣ, наққошӣ, бофандагӣ, мӯҳрадӯзӣ, дизайни либос ва дигар намуди ҳунарҳои амалӣ буд, дидан намуданд.
Дар раванди баргузории чорабинӣ масъулон ба аҳаммияти омӯзиш ва рушди ҳунарҳои миллӣ дар тарбияи насли ҷавон диққати махсус дода, нақши онро дар таълиму тарбияи эстетикӣ, баланд бардоштани маҳорати эҷодӣ ва ҳифзу эҳёи суннатҳои фарҳангии миллӣ муҳим арзёбӣ карданд.
Гуфта шуд, ки ташкил ва баргузор намудани маҳфилҳои ҳунармандӣ ба донишҷӯён ҷиҳати таҷрибаомӯзӣ ва такмили маҳорати амалӣ шароити мусоид фароҳам оварда, ба эҳёи анъанаҳои миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи эҷодии онҳо мусоидат менамояд.
Маркази иттилоот ва таҳлил