Маҳфили “Рассомӣ”: “Мавқеи ранггузорӣ дар марҳилаҳои тасвири намояи наққошӣ”

Маҳфили илмӣ-амалии “Рассомӣ” дар мавзуи “Мавқеи ранггузорӣ дар марҳилаҳои тасвири намояи наққошӣ” баргузор гардид, ки дар он садорат ва устодону донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.

Дар доираи маҳфил донишҷӯи курси дуюми ихтисоси “Санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ. Ҳунарҳои халқӣ бадеӣ” Холиқов Каримбердӣ маърӯза намуд.

Таъкид гардид, ки наққошӣ, ҳунари офаридани нақш, маҳсули эҷодии санъаткорони халқӣ ва касбӣ яке аз навъҳои қадими санъати ороиши амалӣ. Ёдгорҳои меъморӣ ва бозёфтҳои бостоншиносони Осиёи Миёна шаҳодат медиҳанд, ки нақошӣ дар ин ҷо аз замонҳои қадим ривоҷ ёфтааст.

Гуфта шуд, ки инкишофи ҳунарҳои меъморӣ, кулолӣ, мисгарӣ, заргарӣ, қолинбофӣ, гулдӯзӣ ва ғайра ба тараққиёти наққошӣ мусоидат менамояд.

Маҳфил бо суолу ҷавоб ва табодули афкор анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ