Маҳфили илмӣ: Татбиқи градиенти функсия дар ҳалли масъалаҳои амалӣ
Дар кафедраи анализи математикии ба номи профессор А.Муҳсинови факултети математик маҳфили «анализи математикӣ» устодону донишҷӯён баргузор гардид.
Дар маҳфил донишҷӯи курси 504 С.Саидов бо роҳбарии дотсенти кафедра Д.Воситова дар мавзуи «Татбиқи градиенти функсия дар ҳалли масъалаҳои амалӣ » баромад намуд.
Дар идома мавзуи баррасигардида мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифта, миёни иштирокчиён мубодилаи афкор ҷараён гирифт.
Баргузории маҳфил дар назди кафедра ҷиҳати баланд бардоштани донишҳои назариявию амалӣ, рушди тафаккури илмии устодону донишҷӯён ва саҳмгузоштан дар эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” муҳим маънидод гардид.
Маркази иттилоот ва таҳлил