Маҳфили илмӣ-суханварии “Чашми ҷон” китоби “Ташнаи дидор”-ро муаррифӣ намуд
Бо ташаббуси кафедраи забонҳои форсӣ ва хитоӣ дар нишасти навбатии маҳфили илмӣ-суханварии “Чашми ҷон”, ки таҳти роҳбарии доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомиддин Муродӣ баргузор гардид, китоби “Ташнаи дидор”-и Муродии Хуҷандӣ муаррифӣ шуд.
Низомиддин Муродӣ ба ҳозирин аз ҳаёт ва фаъолияти илмӣ, адабӣ ва педагогии Муродии Хуҷандӣ маълумот пешниҳод намуда, мундариҷа ва хусусиятҳои китоби навро шарҳ дод.
Дар ҷараёни муаррифӣ таъкид гардид, ки Муродии Хуҷандӣ на танҳо як шахсияти барҷастаи илмию адабӣ, балки фолклоршинос ва мутарҷими шинохта буд.
Таъкид гардид, ки китоби “Ташнаи дидор” натанҳо эҷодиёти бойи муаллифро инъикос мекунад, балки рӯҳи ватандӯстиву ахлоқӣ ва равшанфикронаи муаллифро бозгӯ менамояд.
Маркази иттилоот ва таҳлил