​Маҳфили илмӣ дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус

Дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус дар доираи Ҳафтаи илм маҳфили илмӣ баргузор гардид.

Декани факултет дотсент Усмонзода Даврон маҳфилро ифтитоҳ бахшида, оид ба нақшаи чорабиниҳо давоми ҳафтаи илм маълумот дод.

Дотсент Домуллоҷонов Аҳмадҷон зимни суханронӣ доир ба фаъолияти Шурои ихтироъкорони донишгоҳ маърӯза намуд.

Ҳамзамон, китоби дарсии дотсенти кафедраи табиӣ-риёзӣ, тарбияи эстетикӣ ва методикаи таълими он Бурҳонов Қурбон таҳти унвони "Асосҳои математикаи мактабӣ" муаррифӣ карда шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ