​МАҲФИЛИ ЁДБУДИИ «СУХАНВАРОНИ СУҒД»: ЁДЕ АЗ ШОИРАИ ШИНОХТАИ ТОҶИК НОРИНИСО АЛИМУҲАММАД

Дар толори раёсати Донишгоҳ таҳти унвони “Ормони зани тоҷик дар шеър” маҳфили ёдбудии «Суханварони Суғд» доир гардид.

Чорабинии мазкур бахшида ба 75-солагии зодрӯзи шоираи шинохтаи тоҷик Норинисо Алимуҳаммад ва бо иштироки раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон устод Аҳмадҷони Раҳматзод, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, пайванди хонадони шоира Норинисо Алимуҳаммад – Муяссара Қаҳорӣ, доираи васеи аҳли илму адаб, устодону донишҷӯён ва дӯстдорони каломи бадеъ баргузор гардид.

Маҳфилро ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин ифтитоҳ намуда, аз ҷойгоҳ ва саҳми арзандаи Норинисо Алимуҳаммад дар рушди адабиёти муосири тоҷик ёдовар шуд.

Гуфта шуд, ки шоираи шинохтаи тоҷик Норинисо Алимуҳаммад дар радифи ин симоҳои дурахшон қарор гирифта, бо эҷоди ашъори руҳнавоз ва талқини ғояҳои баланди ватандӯстона дар адабиёти муосири тоҷик мавқеи худро касб намудааст.

Дар идомаи маҳфил раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод, Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳорӣ, инчунин олимону адибон ва ҳамқаламони шоира суханронӣ намуда, аз паҳлуҳои гуногуни ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Норинисо Алимуҳаммад ёд карданд.

Ёдовар мешавем, ки Норинисо Алимуҳаммад 25 марти соли 1950 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, аз овони ҷавонӣ ба эҷоди шеър машғул гардидааст. Осори нахустини ӯ ҳанӯз соли 1967 дар матбуоти даврӣ ба табъ расида, минбаъд маҷмуаи зиёди шеърӣ, аз ҷумла «Оҳангҳои соҳил», «Риштаи хаёл», «Гаҳвораи меҳр», «Сию се ғазал», «Лаҳзаи дидор», «Ошёнаи меҳр», «Дарёи муҳаббат» ва дигар асарҳояш дастраси хонандагон гардидаанд.

Дар идомаи маҳфил дотсент Субҳони Аъзамзод ва шоира Сурайёи Ҳасансултон суханронӣ намуда, вижагиҳои эҷодиёти шоираро таҳлил карданд.

Барномаи фарҳангии чорабинӣ бо иҷрои сурудҳо аз ҷониби ҳунармандони маъруфи ҷумҳурӣ — Исроил Файзиддинов, Ҳасани Ҳайдар, Тӯлқин Тоҷибоев ва бародарон Шамсиевҳо рангу таровати тоза бахшид.

Дар қисмати хотимавии маҳфил дӯстону ҳамқаламон, инчунин фарзандон ва пайвандони шоира хотираҳои худро аз рӯзгори пурмаҳсул ва шахсияти наҷиби Норинисо Алимуҳаммад баён намуда, аз хизматҳои арзандаи ӯ дар рушди адабиёти тоҷик ёдовар шуданд.

Маркази иттилоот ва студияи “Фурӯғ”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ