​ЛИБОСИ МИЛЛӢ – РУКНИ МУҲИММИ ХУДШИНОСӢ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Таҳти чунин унвон бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ, ташаккули завқи зебоипарастӣ, ҳифзу тарғиби мероси ғайримоддии фарҳангӣ ва эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ миёни донишҷӯдухтарон дар факултети санъати тасвирӣ ва дизайн чорабинии фарҳангӣ-тарбиявӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкур дар доираи сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуда, ҳадафи асосии он ташвиқи тарзи либоспӯшии миллӣ ҳамчун омили муаррифгари фарҳанги тоҷикон ва таҳкими эҳсоси ифтихор аз арзишҳои миллӣ дар ҷомеа мебошад.

Зимни баргузории чорабинӣ иштирокчиён вобаста ба таърих, хусусият ва аҳаммияти либоси миллӣ маълумоти муфассал гирифта, нақши либоси миллиро ҳамчун ҷузъи муҳимми фарҳанги миллӣ дар ташаккули ҳувият ва худшиносии миллӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Донишҷӯдухтарон дар қисми фарҳангии чорабинӣ намунаҳои либосҳои миллии атласу адрас ва чаканро ба намоиш гузошта, бо қироати шеърҳо, баромадҳои маърифатӣ, суруду рақсҳои миллӣ хотири ҳозиринро шод гардониданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ зикр гардид, ки баргузории чунин тадбирҳо барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба фарҳангу тамаддуни миллӣ ва таҳкими худшиносии ҷавонон мусоидат намуда, дар тарбияи насли худогоҳу соҳибфарҳанг нақши муҳим мегузорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ