ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ - СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН
Таҳти чунин унвон ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори раёсати Донишгоҳ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ собиқадорони ҷанги Афғонистон, амалиётҳои ҳарбӣ дар давлатҳои дигар, иштирокчиёни барқароркунии сохти конститутсионӣ, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирокчиёни бартарафкунии садамаи Чернобил, ки дар Донишгоҳ фаъолияти пурсамар доранд, иштирок намуданд.
Чорабиниро ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин ифтитоҳ бахшида, таъкид дошт, ки бо роҳнамоиву сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои мусаллаҳ марҳила ба марҳила такмил ёфта, имрӯз ба ниҳоди пуриқтидор табдил ёфтааст. Гуфта шуд, ки Артиши миллӣ на танҳо сохтори ҳарбӣ, балки мактаби бузурги ватандӯстӣ, интизом ва садоқат ба арзишҳои давлатдорӣ буда, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҳар ҷавонмарди бонангу номус шарафи бузург ва қарзи муқаддас ба ҳисоб меравад. Дар ин мактаби шуҷоат ҷавонон дар руҳияи худшиносии миллӣ, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ тарбия меёбанд.
Сипас, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Суҳроб Рустамзода суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъулияти баланд ва сатҳи баланди омодагии касбӣ вазифаи муқаддаси худро сарбаландона иҷро карда, дар ҳифзи суботу оромии ҷомеа ва таъмини амнияти миллӣ нақши калидӣ мебозанд.
Баъдан муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фирдавс Салимӣ Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро рамзи садоқат ба Ватан, нишонаи шуҷоату мардонагӣ ва ифодаи иродаи қавии фарзандони бонангу номуси миллат дар роҳи ҳифзи истиқлолу озодии кишвари азизамон – Тоҷикистон унвон намуд.
Дар бахши илмии чорабинӣ Раиси Шурои собиқадорони Донишгоҳ, дотсент Шавкат Шарипов дар мавзуи «Сипари боэътимоди Истиқлол ва озодӣ: Ба ифтихори 33-юмин солгарди таъсиси Артиши миллӣ» ва дотсент Усуф Абдулатипов дар мавзуи «Ҷанговарони байналмилал ва тарбияи ватандӯстии наврасону ҷавонон» маърузаҳои пурмуҳтаво ироа намуданд. Ҳамчунин докторанти курси дуюми факултети филологияи тоҷик Ҷавоҳир Ашӯров аз даврони хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ёдовар шуда, хизмати содиқона ба Ватан-Модарро қарзи муқаддаси ҳар фарди ватандӯст арзёбӣ кард.
Баъдан ғолибони Спартакиадаи XXXV донишгоҳӣ бо туҳфаҳои хотиравӣ ва Ифтихорномаи ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров қадршиносӣ гардиданд.
Ҳамзамон, дар идомаи чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ манзури ҳозирин гардонида шуд, ки фарогири суруду таронаҳои ватандӯстона ва саҳнаҳои ҷолиби тарбиявӣ буда, фазои тантанавии ҳамоишро боз ҳам хотирмон намуд.
Хотирнишон бояд намуд, ки меҳмонон ва иштирокчиёни чорабинӣ аз намудҳои варзиши гуштингирӣ, намоиши ҳарбӣ-варзишӣ, намоиши китобӣ ва дастовардҳои варзишгарони Донишгоҳ дидан намуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил