Кушиши ноил шудан ба сулҳ ва иттифоқи дӯстӣ
Як замоне ҷаҳлу кин боло гирифт,
Дар дили як зумра шайтон чо гирифт.
Ахриман чун дасту по бишкаста буд,
Боз бо Заҳок паймон баста буд.
Саддаи бист инчунин нанговар аст,
Ҳақ бидонад ки ба он худ довар аст.
Нотавонбине хаёли хом кард,
" Акли ҷузъи аклро бадном кард".
Хост халк аз асли худ ғофил шавад,
Рӯстаму Сӯҳроби ӯ ботил шавад.
Ду давлати бо хам дӯсту бародар, бо хам хамсоя ин Тоҷикистону Қирғизистон мебошанд, барои марз шуда бо хам мунокишахо намудаанд. Арзёбии мунокишаи марзи мазкур аз чониби Хадамоти марзбони Кирғизистон аз изхороти Тоҷикистон тавофут дорад.Намояндаи расми ин хадамот сабаби бурузи мунокишаро бо овезон кардани парчами Тоҷикистон дар роҳи автомобилгарди Исафара Ворух ба муносибати сафари Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон ба ин минтака марбут донист. Вале ба ин маъни сокини дехаи " Оксойи Кирғизистон" ба ин амал мухолифат карда дар худуди Тоҷикистон худсарона заминро кофта парчами миллӣ худ ва лавҳаи " Оксой"ро насб намудааст.
Афзун бар чунин мардуми кирғиз ки роҳи Исфараву Ворухро баста ба рафту омади шахрвандони Тоҷикистон монеъ шуданд. Кушиши сарҳадииКумитаидавлати амнияти миллӣ Тоҷикистон ин ходисаро" иғвои навбатӣ"– и " доирахои манфиатҷуи кирғиз "унвон кардааст, ки дар остонаи дидори Президентҳои Тоҷикистону Кирғизистон иттифоқ афтодааст.
Бори аввалнест ки дар минтакаи Исфари Тоҷикистон ва Вилояти Ботканти Кирғизистон мунокишахо рух дода ба даргири кашида мешавад. Умдан дар ин мунокишаҳо сокинони марзӣ хар ду чониб талафот мебинанд. Асоси ин мочаро баъди он сар мешавад, ки сокинони дехоти Ворухи Тоҷикистон бо корхои сохтмонии роҳи Ботактнд— Оксой— Тамдиқмухолифат кардаанд. Албатта посгохи манотикимарзи бар дошта шударавуои мардум байни мардуми Ворух ва Оксой дар мҳали сарҳади боз мегардад, зеро ин хама бо ташабусскори Президентҳои хар ду кишварҳо, ки барои сулҳу субот кушиш намуда ва дар ин чода мувафақ гардидаанд.
Пас аз хар музокирот кирғизхо дар минтакаи сархади даст ба иғвои навбати мезананд ва хуни мардуми точикро мерезанд. Муссаламаст, ки ороми нисби хозирадар сархадиТоҷикистону Кирғизистон то замони мунокишаи навбатии сокинони Ворух ва Оксой, ки дар харфурсати муносиб ва бо баҳонаҳои гуногун рух медиҳанд,боқи мемонад. Бале дар ин мавзуъи мубрам барои расидани сулх ё итифоки дӯсти байни ин кишваҳои ҳамсоя талоши Сарварони давлатҳо мебошад, аз ҷумла Президенти кишварамон Асосгузори сулҳу Вахдати миллӣ Пешвои миллат мухтарам Эмомалӣ Рахмон барои оромии ватани азизамон кушиши зиёде намудаанд ва хеч гоҳ намемонанд ки хавои софубеғубори Тоҷикистони азизамон гардолуд шавад.
Оре Сарвари давлатамон хечгох намемонанд, ки хуни як нафар точик ё Тоҷикистонӣ резад,ва хамеша барои пешрафтионҳо кушиши зиёд менамоянд барои ин муборизаи марзи сахми босазои худро мегузоранд, ва дар байниин ду халқи бо хам хамсоя ва дусти деринасулҳу салоҳ ва дӯстиро пешниҳрд меоранд. Ва чунин мешавадбоз бохам дусту бародар мешаванд. Албатта барои хар як давлат ин ороми неъмати бебахост, бале мо дар пешрафти сулҳ ва осоиштагӣсахми худро хохем гузошт. Ва умедвори он хастем ки дар байни ин ду халқи бо хам хамсояи дӯсту бародархеч вақт чангу чидол ё ин нофахмиҳо рухнадиҳад, ва доимо дар хавои софу беғубори сулҳу осоиштагӣ ва доимо дар ин кишварҳо кабутарони сулҳ парвоз кунанд.