КУРСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОМӮЗИШӢ: «МУОШИРАТИ МАҚСАДНОК: СУХАНРОНӢ БА ЗАБОНИ РУСӢ»
Дар доираи ҳамкориҳои байналмилалии Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» бо Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтой 72 нафар донишҷӯёни факултетҳои математика, физика ва техника, таърих ва ҳуқуқ, инчунин таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус дар курси байналмилалии омӯзиши забони русӣ таҳти унвони «Муоширати мақсаднок: суханронӣ ба забони русӣ» иштирок намуданд.
Курси мазкур аз 1 то 6 июни соли 2026 аз ҷониби Маркази таҳсилоти байналмилалии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтой ташкил ва баргузор гардида, ба рушди малакаҳои суханронӣ, такмили сатҳи забондонӣ ва баланд бардоштани фарҳанги муоширати донишҷӯён равона шуд.
Машғулиятҳоро мутахассисони Маркази таҳсилоти байналмилалии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтой - Воронкова Ольга Николаевна ва Терехова Алина Алексеевна баргузор намуда, дар ҷараёни онҳо иштирокчиён усулҳои муосири пешниҳоди иттилоот, омодасозии баромадҳои оммавӣ, иштирок дар мубоҳисаҳо ва роҳҳои муассири муошират бо аудиторияро аз худ карданд.
Дар рафти омӯзиш донишҷӯён инчунин бо қоидаҳои таҳияи презентатсияҳои таъсирбахш, санъати суханварӣ, техникаҳои рафъи изтироб ҳангоми баромад шинос шуданд. Машғулиятҳо дар шакли интерактивӣ ва бо истифода аз усулҳои фаъоли таълим баргузор гардида, барои иштирокчиён имконияти такмили донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалӣ фароҳам оварда шуд.
Дар анҷоми курс ба ҳамаи иштирокчиёне, ки барномаро бомуваффақият азхуд намуданд, сертификатҳои сатҳи байналмилалӣ тақдим карда шуданд.
Маркази иттилоот