Кӯрнамаки бевафо
Ба ибораи русҳо “собака друг человека” мегӯянд. Дар ҳақиқат ҳам саг дӯсти вофодор аст. Соҳибашро, ки ба вай як бурдаи нон ва ё устухон додааст ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад ва як умр вафодораш мемонад. Посбони мекунаду муҳофизат мекунад.Вале тоифаи инсонҳое ҳастанд, ки дар вафодори саг аз онҳо болотар меистад. Ин тоифа инсонҳо ба монанди Кабирӣ мебошанд, ки дар обоу хоки тоҷик ба воя расидаанду имрӯз хок ба чашми тоҷик мепошандумардуми тоҷикро таънаву мазаммат мезананд. Худ бехабар аз он, ки охир як замонҳо дар ҳаминҷо буданду ба воя расидаанд. Аслан нафаре, ки дар ҳақиқат ба халқаш зодгоҳаш дилаш месӯзад дар ҳамин ҷо истода барои ободии кишвараш камари ҳиммат мебандад. Вале Кабири ва ҳаммаслаконаш аз хориҷи истода теша ба решаи мо мезананд.
Муҳиддин Кабирӣ, ки худро тавоно магирад заррае дар вуҷудаш вафову раҳм надорад ва бо амлҳои бадаш дини мубини исломро низ сиёҳ карда истодааст. Вай сӯйистифода аз дини мубини ислом корҳои палидеро мекунад, ки нафратоваранд.
Ин нохалафи беору номус кирдору рафтораш бад кардани номи мубораки Тоҷикистони азиз мебошад. Танҳо дар назди хоҷагони хориҷӣ пинҳон шудану бо супориши онҳо амал карданро рисолати хеш дониста, ҷавононро бо роҳи бад бурдан мехоҳад. Ҳамеша дар забонаш ҳарфи шавқату вафо буда, аммо вуҷуди нопокаш заррае раҳму вафо надорад. Ин ҳиллаҳои нохалафро мо мардуми тоҷик медонем ва нисбати ӯ нафрат дорем. Вай инсонест, бо баҳонаи гуногун дар ҷанозаи модараш иштирок накард. Баъдан дар ҷанозаи падараш иштирок накард. Ин омил аз он дарак медиҳад, ки Кабирӣ ба модари худаш ва падараш вафо накард ва аз ӯ умеди вафо кардан нашояд. Моро лозим аст, ки аз як гиребон сар бароварда нагузорем, ки ин гуна лаънатиҳо номи миллати тоҷик шаъну шарафи тоҷикро паст зананд.
Лаънат ба касе, ки аз Ватан канда шавад,
Афтад ба ғарибиву ба кас банда шавад.
Биоишаи Назар