Қурбони афкор ва андешаҳои гумроҳкунандаи ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ набошем!
Дар сиёсати дурнигаронаву хирадгароёнаи ва таҳаммулпазири Сарвари давлатҷойгоҳ ва сарнавишти ҷавонон хеле рўшан ва асосӣ ба шумор меравад.Пешвои миллат сиёсати ҷавононро яке аз муҳимтарин самтҳои ҷомеа ба шумор оварда, мукарраран дар ҳар суханрониҳои худ таваҷҷуҳ ва боварии худро нисбат ба насли ҷавон изҳор медоранд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нерў ва хидмату азаматиҷавонони болаёқат ва ватандўсту худшинос боварӣ доранд ва борҳо изҳор доштаанд, ки ин давлату миллатмеросинасли ватандўсту худогоҳхоҳад буд. Дар баробари ин, ҳамеша таъкид медоранд, ки чеҳраи ҷавонони имрўз аз ҷавонони солҳои навадум ба куллӣ фарқ мекунад. Ин сухан на танҳо ба зоҳир, балки дар андешаву афкори ҷавонон низ равшан ҳувайдост. Пешвои миллат бо боварӣ ба ақлу хирад ва заковати ҷавонон ҳамеша ин нуктаро ба он маънӣ таъкид медоранд, ки ҷавонони имрўз дигар мисли ҷавонони солҳои навадум набояд қурбони афкор ва андешаҳои гумроҳкунандаи ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ шавад. Имрўз ҷавонони даврони истиқлол барои такмили тафаккури миллии хеш заминаҳои муҳим дорад ва маҳз тавассути корномаҳои созандаи Пешвои миллат тамоми шароитҳо ҷиҳати тарбияи маънавии ҷавонон ва такмили шуури маънавии онҳо фароҳам омадааст. Танҳо баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурўғи маърифат» ва ҳамакнун «Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» метавонанд нақши бисёр муҳим дар ташаккули тафаккури маънавӣ ва ахлоқии ҷавонон гузоранд ва ҳатто гузошта истоданд.
Бо зуҳури раванди ҷаҳонишавӣ ва густариши фарҳанги технологӣ дар соҳаҳои гунонгуни ҷомеа рўйдодҳои назаррас ба вуҷуд омаданд, ки бо вуҷуди натоиҷи мусбат доштан, баъзе падидаҳои манфиро низ дар худ ғунҷоиш додаанд. Бояд дар хотир дошт, ки амният ва пойдории сулҳу ваҳдат дар ин ё он давлат барои бархе аз ашхос ва гурўҳҳои махсус он қадар наметавонаи худ бошад, зеро ин гурўҳҳо ҳаргиз пешрафтҳои назарраси кишвар ва мамлакати худ, ҳатто ҷаҳони муосирро дида наметавонанд, чун онҳо бо афкори хурофотии куҳнапарастона зиндагӣ мекунанд. Ин гуна гурўҳҳои радикалӣ пешрафт ва муваффақияти худро дар нооромӣ ва парешонии кишварҳои мухталиф медонанд. Аз ин рў, барои расидан ба ҳадафҳои манфури хеш ба роҳу воситаҳое даст зада амнияти ҷомеаи имрўзро таҳти хатар мегузоранд. Дар ҳамин замина яке аз амалҳои бисёр хавфовари чунин гурўҳҳо таҳти таъсири хеш қарор додани тафаккур ва ғояҳои ҷавонон ба шумор меояд. Ҳамин гуна раванди тезу тунд ба нерўи фикрӣ ва афкори ҳанўз таҳаввулнаёфтаи ҷавонон таъсири номатлуби зиёд ба бор меоварад.Заминаҳои пайдоиши ин рўйдодҳои ҳадафмандона пеш аз ҳама нодида гирифтани пешрафтҳои кишварҳои рўбатараққӣ аз ҷониби ҳамон гурўҳҳои манфиатхоҳ мебошад. Мо бояд дар ёд дошта бошем, ки дар вазъияти имрўза ва ба хусус дар раванди ҷаҳонишавии босуръат пеш аз ҳама хушёрии сиёсиро аз даст надода, дар ин радиф аз тақдири ҷавонони кишвар низ бетараф набошем.
Сорбони Холиддин, устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров