​Қонунияти табиӣ шикастааст?!

Илм бузургтарин ифодаи сарвати зеҳнии башарӣ мебошад, ки тӯли ҳазорсолаҳо мутафаккирони олам, аз ҷумла олимони сарзамини тоҷикон бо дастовардҳои беҳамто қонуну қонуниятҳои сершумори табиати пурасрори коинотро кашф кардаанду барои инсоният ҳаёти пурнишотро осону бонизом сохтаанд. Дар ин радиф илмҳои дақиқ мавқеи хосаро доро ҳастанд, ки пешрафти босуръати техникаву технологияҳои замони муосир исботи муваффақияту комёбии олимони дақиқсанҷ мебошад. Масалан, илми физика исбот менамояд, ки зарраҳои зарядҳояшон муқобил бо ҳам ҷаззобият доранду баръакси он зарраҳои заряди якхеладошта аз якдигар дакка мехӯранд. Чунин қонуният дар ҳаёт ҳам ба мушоҳида мерасад, ки ҷинси мард бо ҷинси зан майлу шавқи беандоза дораду хоҳишҳо дуҷониба мешаванд, ки муҳаббату оиладорӣ шаҳодати воқеии ин ҳол аст. Маҳз аз ин муносибат ҳаёти ҷомеа бо пайдоиши насли наву ҷавон бохурӯш идома меёбад.

Вале, рушди босуръати ҷомеа ва илми муосир ҳолатҳо ҷой доштани баъзе аз хатогиҳои ҷузъӣ аз қонуниятҳои мавҷударо низ инкор карда наметавонад, ки нисбат ба хусусиятҳои генетикӣ бештар ба ахлоқу маънавиёти ҷомеа алоқаманд аст. Авҷ гирифтани ҳаракатҳои тӯдаи ҳаромзодагоне ба мисли аъзои ЛГБТ – хуносоёни ноҷинс дар оғози асри ХХ1 дар мамлакатҳои мутараққӣ падидаи вайрон гаштани ахлоқи маънавии ҷомеа мебошад, ки теъдоди гаравидагон ба ин тоифаи ҳаромзадагони фосиқ торафт меафзояд. Ҷонибдории ин тоифа алҳол, ҳатто аз ҷониби ҳукуматдорони расмӣ сурат гирифта истодаасту издивоҷи зан бо зан, мард бо марди дигар ҳукми қонунӣ пайдо карда истодааст. Дар шиносномаи ин афроди нопок расман қайд гардидани “волидайни № 1” ва “волидайни № 2” амри воқеӣ шудааст. Чунин бадзотон дар доираи оилаи нисбӣ метавонанд соҳиби фарзанд бошанд, лекин бо истифодаи кашфиётҳои табиӣ ин ҳолат низ имконпазир шуда истодааст. Дини масеҳӣ ва ҳомиёни он ба чунин раванд мутобиқ шудаанду идомаи чунин мусолиҳакории беимонӣ дар масъалаи бефарқӣ ба падидаи номатлуби ғайриинсонӣ – педофилия (ишқбозӣ бо кӯдак) ба мушоҳида мерасад. Умуман, насрониён маънавиёт бештар гум карда истодаанд, ки оқибати он ба нобудшавии башарият мусоидат менамояд. Хушбахтона, дини мубини Ислом чунин падидаҳои ғайриинсониро маҳкум намуда гуноҳи кабира – нобахшиданӣ меҳисобад. Аммо, дар ҷомеаи муслимини олам низ ҳаромигариҳои зикрёфта ба назар мерасанд ва чунин афродро мусалмон шуморидан амри маҳол аст. Худи чунин ҳаромзадагони нопок ба шаъни дини муқаддаси Ислом иснод оварда худро мусалмон метарошанд, ҳол он, ки аз бадтарин куффор мебошанд.

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ