​КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ: МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ИЛМИ БОСТОНШИНОСӢ ВА МАРДУМШИНОСИИ ТОҶИК ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ

Дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» 10 апрел конференсияи вилоятии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами илми бостоншиносӣ ва мардумшиносии тоҷик дар замони Истиқлол» баргузор гардид. Чорабинии илмӣ ба муносибати 50-солагии фаъолияти илмӣ ва омӯзгории номзади илмҳои таърих, дотсент Муҳиддинҷон Файзуллоев доир гардида, муҳаққиқон ва коршиносонро гирди ҳам овард.

Конфронсро муовини ректор оид ба таълим, профессор Абдуллозода Насим ифтитоҳ бахшида, таъкид намуд, ки сиёсати фарҳангии давлат таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳёи арзишҳои миллӣ, ҳифзи суннатҳои ниёгон ва таҳкими худшиносии миллӣ равона гардидааст. Қайд гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ омӯзиш ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии миллат аҳаммияти махсус касб намуда, ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ мусоидат менамояд.

Ҳамзамон, ӯ аз саҳми назарраси олимон дар рушди илми таърих, бахусус соҳаҳои бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ёдовар шуда, таъкид кард, ки фаъолияти пурсамари Муҳиддинҷон Файзуллоев дар самти тарбияи мутахассисон ва таҳқиқи таъриху фарҳанги миллӣ намунаи шоистаи ибрат мебошад.

Дар ҷараёни конференсия сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Сӯҳроб Рустамзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Гавҳар Умарова низ баромад намуда, доир ба нақши сохторҳои давлатӣ дар тарғибу ташвиқи арзишҳои миллӣ, ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва дастгирии ташаббусҳои илмӣ андешаҳои худро баён карданд. Ҳамзамон, онҳо аз хизматҳои арзанда ва фаъолияти пурсамари дотсент М.Файзуллоев дар рушди илми таърих, тарбияи кадрҳои ҷавон ва омӯзиши мероси миллӣ бо ифтихор ёдовар шуданд. Зикр гардид, ки чунин чорабиниҳои илмӣ ба таҳкими худшиносии миллӣ, баланд бардоштани маърифати ҷомеа ва рушди ҳамкориҳои судманди миёни ниҳодҳои давлатӣ ва муассисаҳои илмӣ мусоидат менамоянд.

Дар идомаи конференсия тибқи барнома як қатор маърӯзачиён бо баромадҳои илмии худ иштирок намуданд. Аз ҷумла, номзади илмҳои таърих, дотсент Шавкат Шарифов ва мудири шуъбаи таърихи Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд» Мутриба Мамадҷонова доир ба масъалаҳои муҳимми таърих, мардумшиносӣ ва омӯзиши мероси фарҳангии тоҷикон маърузаҳо ироа намуданд.

Дар кори конференсия инчунин намояндагони мақомоти давлатӣ, олимону муҳаққиқон, устодону донишҷӯён ва дигар меҳмонон иштирок намуда, доир ба масъалаҳои мубрами соҳа мубодилаи афкор анҷом доданд.

Дар ҷамъбасти конференсия ҳамкорон, дӯстон, шогирдон ва пайвандони дотсент Муҳиддинҷон Файзуллоев зимни суханрониҳои худ саҳми назарраси эшонро дар рушди илми таърих, бахусус бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ, инчунин нақши муассири ӯро дар омода намудани мутахассисони соҳа таъкид намуданд.

Чорабинӣ дар фазои илмӣ ва ҳамкории судманд баргузор гардид.

Маркази иттилоот ва студияи «Фурӯғ»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ