КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ: «ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ – ЛИВОИ ОЗОДИВУ ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛӢ»
Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Раёсати Донишгоҳ конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Парчами давлатӣ – ливои озодиву истиқлоли миллӣ» баргузор гардид.

Нахуст ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин конференсияро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт. Таъкид гардид, ки Парчами давлатӣ рамзи истиқлолу соҳибихтиёрии давлат буда, симои воқеӣ ва таърихии онро дар намуди ба худ хос инъикос намуда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
Баъдан сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Рустамзода Сӯҳроб ба таваҷҷуҳи ҳозирин паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзодаро ба муносибати Рӯзи Парчам расонида, Парчами давлатиро рамзи ҳаёти осоишта, бахту иқболи сафед, умед ва фардои дурахшони ҳар сокини худогоҳу худшинос унвон намуд.
Дар идома доктори илмҳои таърих, профессор Ваҳҳоб Набизода дар мавзуи «Парчам – рамзи соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати миллии тоҷикон», номзади илмҳои таърих Саидқул Махкамов дар мавзуи «Аз таърихи парчамдории ниёгон», дотсент Иброҳим Ҷабборзода дар мавзуи «Асосҳои ҳуқуқии эҳтиром ва арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатӣ» бо маърӯзаҳо баромад намуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил