КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ: МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Ба ифтихори Рӯзи Президент ва солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Раёсати Донишгоҳ конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» баргузор гардид.

Дар оғоз муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Ятимзода Содиқ конференсияро ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Президент ва 33-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт. Таъкид гардид, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози аҳаммияти таърихӣ воқеаи хеле муҳим ва сарнавиштсоз ба шумор рафта, саҳифаи навро дар таърихи давлатдории тоҷикон боз намуд. Гуфта шуд, ки баргузории Иҷлосия ба раванди сулҳу эҳёи рукнҳои давлатдории миллӣ асос гузошта, миллати тоҷикро дар як давраи ҳассоси таърихӣ аз вартаи ҳалокату нобудӣ раҳоӣ бахшид. Дар ин рӯз таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодаи ҳамбастагии миллӣ, ватандӯстӣ ва қадрдонии халқи тоҷик аз хизматҳои таърихиву тақдирсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад.
Сипас сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Рустамзода Сӯҳроб ба сухан баромада, иброз дошт, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, пойдории арзишҳои демократӣ ва таҳияву такмили заминаҳои ҳуқуқии рушди устувори кишвар нақши сарнавиштсоз дошта, мардуми сарбаланди кишвар дар ҳамин рӯз ҳамчун рамзи эҳтирому арҷгузорӣ ба шахсияти таърихӣ ва хизматҳои бузургу мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ободиву шукуфоии кишвар Рӯзи Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд.
Дар идома доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ҷамшед Алиҷонов дар мавзуи «Эмомалӣ Раҳмон – заминагузори рудши босуботи иқтисодиёти Тоҷикистон», номзади илмҳои таърих, дотсент Дилрухсор Фармонова дар мавзуи «Эмомалӣ Раҳмон – меъмори сулҳу ваҳдати тоҷикон» ва номзади илмҳои таърих Меҳриддин Муҳаммадизода дар мавзуи «Иҷлосия ва ташаккули давлатдории миллӣ – поягузори Истиқлоли миллии Тоҷикистон» бо маърузаҳои илмӣ баромад намуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил