​КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ: “МУАММОҲОИ РУШДИ ФИЗИКАИ МУОСИР ВА МАВОДШИНОСӢ”

Дар толори раёсати Донишгоҳ конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Муаммоҳои рушди физикаи муосир ва маводшиносӣ» баргузор гардид. Ҳамоиши илмӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” роҳандозӣ шуда, олимону муҳаққиқон ва намояндагони муассисаҳои илмиву таълимии дохил ва хориҷи кишварро ба ҳам овард.

Ҳамоишро ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин ифтитоҳ намуда, таъкид дошт, ки рушди илмҳои дақиқ, бахусус физика ва маводшиносӣ, дар шароити муосир яке аз самтҳои муҳимми сиёсати илмиву маорифпарваронаи давлат ба ҳисоб меравад. Зикр гардид, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳамчун яке аз марказҳои бонуфузи илмӣ дар кишвар барои татбиқи ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста тадбирҳои муассир меандешад.

Таъкид гардид, ки факултети физика ва техника ҳамчун маркази омӯзиши муаммоҳои физикаи муосир яке аз калонтарин сохторҳои Донишгоҳ ба шумор рафта, имрӯз дар он беш аз 40 нафар омӯзгорон фаъолият доранд. Аз ин шумора 3 нафар доктори илм ва зиёда аз 20 нафар номзадҳои илм ва дотсентон мебошанд. Давоми панҷ соли охир беш аз 50 номгӯй асари илмӣ-таълимӣ ва 17 монография ба нашр расида, танҳо дар ду соли охир 9 китоби дарсии омӯзгорон бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор ёфтааст.

Дар қисмати маърӯзаҳо профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Мақсудҷон Умаров, доктори илмҳои физика-математика, мудири озмоишгоҳи физикаи атмосфераи Институти физикаю математикаи ба номи С.Умарови АМИТ, профессор Абдуллозода Сабур Фузайл, доктори илмҳои физика-математика, профессори кафедраи физикаи назариявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қосим Комилзода, доктори илмҳои физика-математика, номзади илмҳои физика-математика, директори Коллеҷи инноватсионии шаҳри Хуҷанд Мақсудӣ Анвар Темурзода ва декани факултети физика-техника Абдумалик Қаюмзода доир ба масъалаҳои муҳимми рушди физикаи муосир, таҳқиқоти илмӣ, омодасозии мутахассисон ва татбиқи технологияҳои навин суханронӣ намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ба кумитаи тадорукоти конференсия наздик ба 200 мақолаи илмӣ аз кишварњои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия ва Чин, инчунин аз марказҳои илмии шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ворид гардидааст.

Иштирокчиёни конференсия баргузории чунин ҳамоишҳоро барои рушди илмҳои дақиқ, тавсеаи ҳамкориҳои илмӣ ва баланд бардоштани завқи донишандӯзии ҷавонон муҳим арзёбӣ намуда, изҳори боварӣ карданд, ки натиҷаҳои конференсия барои пешрафти минбаъдаи соҳаи физика ва маводшиносӣ мусоидат хоҳад кард.

Маркази иттилоот ва студияи “Фурӯғ”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ