Конференсияи байналмилалӣ: «Иштироки донишҷӯён ва устодони Донишкадаи давлатии педагогии Ленинобод ба номи С.М.Киров дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ»
Бахшида ба 80-солагии Ғалабаи Бузург таҳти унвони «Иштироки донишҷӯён ва устодони Донишкадаи давлатии педагогии Ленинобод ба номи С.М.Киров дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ» (“Участие студентов и преподавателей Ленинабадского педагогического института им. С.Кирова в Великой Отечественной войне”) санаҳои 28-29 апрели соли 2025 дар Ҷумњурии Қазоқистон конференсияи байналмилалї доир гардид.
Дар конференсияи мазкур аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессори кафедраи таърихи умумии факултети таърих ва њуќуќ И.А. Мамадалиев иштирок намуда, маърӯза намуд.
Зимни ироаи маърӯзаҳо таъкид гардид, ки Ҷанги Бузурги Ватанй ба ҳаёти одамони серташвиши шӯравӣ ногаҳон дохил шуд. Коллективи Институти давлатии педагогии Ленинград ба номи С.М. Киров ба кори умумихалкии муборизаи зидди истилогарони фашистй ҳамроҳ шуд.
Дар солҳои ҷанг аз институт зиёда аз 150 нафар муаллимон, хизматчиён, донишҷӯён ва коргарон ба фронт рафтанд. Аз љумлаи онҳое, ки ба фронт рафта буданд, аввал 17 нафар муаллимон, 77 нафар донишҷӯён бо сардории котиби бюрои партиявии институт Дадабоев Карим ва асосан дастпарварони институти соли 1941: Кобилов Абдусаттор, Назаров Қодир, Раҷабов Солӣ, Каримов Қосим, Турсунов ва дигарон буданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил