ҚАДРШИНОСИИ ҶАВОНОНИ ФАЪОЛ
Дар доираи чорабинии тантанавӣ имрӯз аз фаъолияти самти ҷавонон ва варзиши Донишгоҳ натиҷагирӣ шуд.
Таъкид гардид, ки сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти кишвар қарор дошта, барои ҷалби ҷавонон ба илму дониш, фарҳанг, варзиш ва ҳаёти ҷамъиятӣ имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудаанд. Дар ин замина ҷавонони Донишгоҳ давоми соли таҳсил дар мусобиқаҳои варзишӣ ва чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ иштироки фаъолона намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.
Ректори Донишгоҳ Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин ҷавононро неруи созанда ва пешбарандаи ҷомеа арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки дастгирии ташаббусҳои ҷавонон, рушди қобилияти эҷодӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсилу худтакмилдиҳӣ аз вазифаҳои муҳими муассиса ба ҳисоб меравад.
Барои саҳми арзанда дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва маърифатӣ 10 нафар донишҷӯ бо Сипосномаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, 7 нафар бо Сипосномаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд ва 19 нафар бо Сипосномаи Ректори донишгоҳ қадр гардиданд.
Ҳамзамон, мусобиқаҳои варзишӣ ва спартакиадаи анъанавии донишгоҳ ҷамъбаст гардида, ба дастаҳои ғолиб диплом, ҷом ва сипосномаҳо тақдим карда шуд. Зикр гардид, ки баргузории чунин мусобиқаҳо барои тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди қобилиятҳои варзишии ҷавонон мусоидат менамояд.
Маркази иттилоот