ҚАДРШИНОСИИ 7 НАФАР УСТОДИ ДОНИШГОҲ БО МЕДАЛИ «ХИЗМАТИ ШОИСТА»
Ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун баргузор гардид.

Дар баробари дигар кормандони соҳоти мухталифи хоҷагии халқ 7 нафар устоди Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Абдуҷамол Ҳасанзода, Фахриддини Насриддин, Муқаддас Неъматзода, Зулфинисо Раҷабова, Шавкат Шарифзода, Муллошо Давлатов, Салимбой Ҳасанов бо медали «Хизмати шоиста» қадршиносӣ гардиданд.

Ҷомеаи меҳнатии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” арзи сипоси худро барои таваҷҷуҳу дастгирии доимӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мувоини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иҳзор дошта, дар оянда низ тамоми кӯшишу талош донишу таҷриба ва малакаи хешро барои рушду пешрафти Тоҷикистони азиз сарф хоҳад кард